Дар Ҷидда масоили маблағгузорӣ ба навсозии қитъаи боқимондаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб муҳокима мешавад
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода барои муҳокимаи масоили маблағғузорӣ ба навсозии қитъаи боқимондаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ рафт.
Тавре ки дар Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни гуфтушунид масъалаи маблағгузорӣ ба ду қитъаи роҳи зикршуда мавриди муҳокима қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки бозсозии бархе қитъаҳои роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб бо маблағгузории Бонки исломии рушд, Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ, Хазинаи рушди арабии Кувейт, Бунёди ОПЕК ва Бунёди Абу — даби сурат мегирад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа сохтмони ду қитъаи роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб бо масофаи умумии 40 километр (Шӯрообод – Анҷироби Поён ва Анҷироби Поён — Шағон) пешбинӣ шудааст. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон тавассути ағбаи Қулма бо роҳи мошингарди Карокуруми Чин пайваст гардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ҳаракати нақлиётро байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аз қабили Афғонистон, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар тамоми давраҳои сол таъмин месозад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






