Дар Индонезия гурӯҳи ифротталабон дастгир шуд

Декабрь 21, 2015 05:56

Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Пулиси  Индонезия   шаш нафар  ифротталабони  аъзои «Давлати  исломӣ» — ро, ки ба  амалиёти террористӣ  дар  ҷазираҳои Ява  ва  Суматра  тайёрӣ  медиданд,  дастгир намуд. Мувофиқи  маълумоти  рӯзномаи The Jakarta Giobe,  шаби рӯзи шанбе  дастаи   зиддитеррористии  пулиси  миллӣ Абу  Карим ном сокини  музофоти  Яваи Ғарбиро  дастгир  намуд.  Дар мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  тахмин  мекунанд, ки  номбурда  ба  гурӯҳи  ифротталабоне  дохил  буд, ки  ба   амалиётҳои  ҳарбӣ тайёрӣ  медиданд. Аз  манзили   шахси  дастгиршуда мавод  барои  сохтани  асбобҳои  тарканда  пайдо гардид. 
«Вақтҳои охир   шаш  нафар  бо  гумонбари омодагирӣ  ба  таркишҳо  дар ҷазираҳои Ява  ва  Суматра  ба ҳабс  гирифта  шуданд. Хушбахтона, ба  мо  муяссар  шуд, ки  онҳоро   пеш  аз  содир намудани чунин  вайронкориҳо  дастгир  намоем.  Онҳо  иборат  аз  гурӯҳи   муштараканд,  ки  аъзояшон ба  ДИ   иртибот доранд»,  — хабар  дод ба  рӯзнома  манбаи  иқомоти   ҳифзи  ҳуқуқ.
Мувофиқи  маълумоти  агентии  иктишофии Индонезия, вақтҳои охир аз Сурия  ва  Ироқ  беш  аз  100  нафар  ҷонибдорони  ДИ  ба қаламрави  ҷумҳурӣ баргаштаанд,  хабар  медиҳад  ТАСС. 

 

Декабрь 21, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад