Дар Исфара шуъбаи нави АНМН кушода шуд
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 декабр дар шаҳри Исфара шуъбаи нави Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд кушода шуд.
Бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии агентӣ дар шаҳри Исфара мутобиқи «Барномаи расонидани кумаки молиявӣ ва моддӣ-техникӣ ба Агентӣ барои солҳои 2015-2017» сохта шуд, ки он дар чорчӯбаи Қарордод байни АНМН Тоҷикистон ва ХФНММН Русия дар соҳаи муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи писхотропӣ ва прекурсорҳои он таҳия мегардад.
Бинои нави шуъба дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, утоқҳои корӣ, қафас барои парвариши сагҳои хизматӣ, ошхона, таваққуфгоҳи нигоҳдории муваққатӣ, маҷмааи варзишӣ, нақлиёт ва таъмини барқ мебошад.
Таҳияи барномаи мазкур барои баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ, таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Агентӣ мусоидат намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






