Дар муассисаҳои таълимӣ зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ҷамъоварии маблағ дар Соли нав қатъиян манъ аст
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Буридани арча ва гузоштани ягон намуди арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, сайру гашт ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст.
Ин дастур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар иртибот ба фарорасии Соли нави мелодӣ дода шудааст. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз 25 то 31 декабр ва 1 январи соли 2016 аз ҷумлаи шахсони масъул навбатдорӣ бояд ташкил гардида, оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар мавриди таҷлили ин ҷашн аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии солинавӣ таҳияи рӯзномаи деворӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ, фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






