Дар Нангарҳор 13 нафар ҷангиёни «Толибон» ва «Давлати исломӣ» маҳбас шуданд

Декабрь 1, 2015 05:07

Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Чанде  пеш  дар  вилояти  Нангарҳори  Афғонистон амалиёти  Раёсати  амнияти  миллӣ  сурат  гирифта,  дар  ҷараёни он 13  нафар  ҷангиёни  гурӯҳҳои  «Толибон» ва  «Давлати  исломӣ»  маҳбас  шуданд.
Мувофиқи  ҳисоботи расмии  Раёсати  амнияти  миллӣ, силоҳбадастон қабл  аз  дастгир шуданашон  дар  фаъолияти  зиддиҳукуматӣ  дар  ҳудуди  вулусволиҳои  Батикот, Назян, Чапархор ва Ғанихейл иштирок  доштанд. 
Дар  ҷараёни  амалиёт аз  қувваҳои шӯришгар  якчанд бастаи   либоси  ҳарбӣ, ки  барои   пардапӯшӣ,  истифода  мешуданд, ҳамчунин  асбобҳои тарканда ва маводи  дигар  барои роҳандозии  тахрибкорӣ  мусодира гардид. 
Баъди  истинтоқ  маълум  шуд, ки  баъзе  ҷангиёни дастгиршуда  табааи  Покистони  ҳамсоя  мебошанд, хабар  медиҳад  Агентии  иттилоотии  «Хома пресс».

 

Декабрь 1, 2015 05:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад