Дар Олмон ифротталаби маъруф Свен Лау маҳбас шуд

Декабрь 16, 2015 06:27

Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»).  Хадамоти амнияти  Олмон яке  аз ифротталабони  маъруфтарини  исломиро  бо  гумонбари  дастгирии   гурӯҳи террористӣ ҳабс  намуд,  изҳор  дошт  15  декабр прокуратураи ҶФО.
Тавре  ки ҳукуматдорони  Олмон  хабар  медиҳанд, Свен Лау  дар  қисми  ғарбии шаҳри Менҳенгладбаҳ  ба  ҳабс  гирифта  шуд. Мавсуф  ба нақзи қонунгузорӣ аз  рӯи чор  моддаи Кодекси ҷиноии  ҶФО айбдор  дониста  мешавад. Хадамоти  махсуси  Олмон  мутмаинанд, ки  Лау  гурӯҳи Ҷайш  ал —  Муҳоҷирин Вал  Ансор, ё JAMWA  ро  пуштибонӣ мекунад. Прокуратураи  Олмон иброз  медорад, ки  ин  исломгарои  35 —  сола ҷиҳодро  ташвиқ  намуда,  хостгорони  мубориза  баҳри JAMWA дар  Сурияро ҷустуҷӯ  мекард. Ғайр  аз  ин,  номбурда  гурӯҳро бо  баҳонаи ёрии башардӯстона  аз  нигоҳию  молиявию  моддӣ   дастгирӣ  мекард.  
Мушовири   бахши  амнияти  Рейн Вестфалияи  Шимолӣ, ки  Лау  дар  он ҷо  ҳабс  шудааст,  номбурдаро чун  яке  аз  таблиғгарони  асосию хавфноктарини  салафиён  дар  Олмон қаламдод  кард. Лау  соли  2014 ба  ислом  рӯ  оварда,  кӯшиш  менамуд, ки барои  таъмини  риояи  қатъии  дини  ислом  дар Вуппертал  пулиси  шариатро   таъсис  диҳад. 
«Тарғибгарони салафия,  аз  қабили Лау  бо тарғиби  зӯроварӣ ва  дастгирии террористон  заминаи ҷалби ҷавонон  ба равияи  тундравиро  фароҳам  меоранд, — изҳор  дошт Ралф  Егер, вазири  корҳои  дохилии Вестфалия.  Онҳо ҷавононро  ба пайвастан  ба  гурӯҳҳои террористӣ дар  Сурия  ва  Ироқ  ташвиқ  менамоянд».

 

Декабрь 16, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад