Дар оташдони АНМН зиёда аз 66 кг маводи нашъаоварро сӯзониданд
Душанбе, 05.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -5 декабри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин шабакаҳои телевизионӣ ва хабарии ватанию хориҷӣ маводи нашъаовар аз рӯи 18 парвандаи ҷиноие, ки нисбат ба онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардааст, сӯзонида шуданд.
Ҳамагӣ дар оташдони махсуси агентӣ 66 кг 859 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 18 кг 545 гр героин, 36 кг 649 гр афюн, 2 кг 224 гр — ҳашиш ва 9 кг 439 гр маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона нест карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






