Дар рӯзи маъюбон бояд аз мушкилоти онон сухан гуфт!
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун рӯзи байналхалқии маъюбон дар тамоми дунё таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро таҷлил мекунанд. Ин рӯзе нест, ки мо бо он маъюбонро табрик кунем. Ин рӯз ба мо имконият медиҳад, ки оид бадастовардҳо он мушкилоти маъюбон сухане гуем. Рӯзест, ки мо метавонем овози хешро баланд намоем, то дар ҷомеа худро аз ҷиҳати мусбат нишон диҳем ва мардум боз ҳам бештару хубтар огоҳ гарданд, ки маъюбон низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва саҳми худро барои ободиву шукуфоии ин сарзамин гузошта метавонанд. Яке аз самтҳое, ки мо фаъолона кор карда истодаем, ин омода кардани муҳити зист барои маъюбон ва тағйир додани муносибати ҷомеа нисбат ба маъюбон аст»,-гуфт Асадулло Зикрихудоев, роҳбари ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» зимни чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи маъюбон, ки дар Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ бо ибтикори Раёсати ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият», Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ ҶТ ва Фонди махсуси маъюбон дар назди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх бо иштироки намояндагони ташкилоти номбурда ва шахсони имконияташон маҳдуд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Инчунин аз ҷониби ин ташкилот ба маъюбон туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






