Даргузашти мусиқишинос Наим Ҳаким

Декабрь 29, 2015 12:33

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳаким Наим Ғаниевич мусиқишинос, номзади илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи композиторон  дирӯз, 28-уми декабр аз олам даргузашт. 
Наим Ҳакимов омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо тахассуси рубоб хатм намудааст. Ӯ ташаббускор ва ташкилотчии Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1400- солагии Борбад, конфронси байналмилалии «Проблемаҳои методологии шарқшиносии мусиқӣ», Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Шашмақом»-эҳёи анъанаҳои классикӣ дар равобити фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ, Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Фалак ва анъанаҳои бадеии халқҳои Осиёи Марказӣ», фестивал- симпозиуми байналмилалии «Мусиқии суннатии Суғди қадим» ва фестивали бачагонаи байналмилалии телевизионии «Донак» буд.
«Ҳакимов Наим аз мусиқишиносони  барҷастаи тоҷик буда, аз солҳои 1987 то рӯзи маргаш барои рушди санъати мусиқии касбии тоҷик хизматҳои босазо кардааст. Ӯ дар муаррифии мусиқии миллии Тоҷикистон дар бисёр фестивал- озмунҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, ба ҷаҳониён, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Англия, Олмон ва кишварҳои Аврупо мусиқии миллии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Китобҳое, ки барои санъати мусиқии касбии тоҷик навиштааст, аз ҷониби донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, мактабҳои махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷҳои санъати ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳакимов Наим Ғаниевич дар мавзӯи фолклори мусиқии тоҷик зиёда аз 40- китоб ва мақолаву тезисҳоро ба нашр расонидааст»,- гуфт раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов. 
Ҳамчунин Қудратулло Ҳикматов илова намуд, ки дар тамоми фестивал- озмунҳои байналмиллалӣ оид ба «Шашмақом»,  «Фалак»  ва мусиқии касбии миллии тоҷик  Наим Ҳакимов ташаббускор буд ва фавти ӯ барои аҳли фарҳанг ва эҷод талафот аст. 

 

Декабрь 29, 2015 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд