Даргузашти ровии маъруфи тоҷик Бурҳон Раҳмон
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Журналист ва ровии маъруфи тоҷик Бурҳон Раҳмон дар синни 81 даргузашт. Ӯ соли 1934 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи педагогии Душанбе мебошад.
Бурҳон Раҳмон қариб тӯли 60 сол дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон. ки ҳоло шабакаи радиоии «Овози тоҷик» ном дорад, фаъолият мекард.
Бурҳон Раҳмон ҳамзамон ба сифати ҳунарманди театр кор карда, дар дубляжи 300 филми мустанаду бадеӣ ширкат варзидааст. Ӯ дар ду филм — «Вақте асирро боздоштан» ва «Бофанда» нақш низ офаридааст.
Бурҳон Раҳмон барои хидматҳояш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва «Аълочии радио ва телевизион» сарфароз шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






