Дархости кумаки Абдулло Абдулло аз Русия дар заминаи мубориза бо терроризм
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло дар ҳошияи чаҳорумин нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин дар ҷараёни мулоқоти худ бо Сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз ў дархост кардааст, ки Русия ба Афғонистон дар заминаи мубориза бо терроризм кумак намояд.
Тибқи иттилои сухангўи Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Муҷиб-ур-Раҳмон Раҳимӣ, Сарвазири Русия ваъда додааст, ки бо ҷониби Афғонистон дар заминаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва тақвияти неруҳои низомии ин кишвар ҳамкорӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ аз Русия хоста буд, то ба неруҳои амниятии кишвараш кумакҳои низомӣ кунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






