Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми Иттиҳод — 2016 — ро бо вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Русия оғоз менамояд

Декабрь 24, 2015 03:20

Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҷадвали  бозиҳои  мусобиқоти  анъанавии  байналмилалӣ  барои  дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2016  маълум  гардид. Ин  мусобиқот, ки дар  он  ҳашт   дастаи  мунтахаби ҷавонон  иштирок  менамоянд, аз  17  то  23  январ  дар   шаҳри  Санкт — Петербург  баргузор мешавад. 
Дастаи  мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон  аз  рӯи  натиҷаи  қуръапартоӣ  ба гурӯҳи  «В» ворид  шуд, ки дар  он  дастаҳои  Латвия,  Эстония  ва  Русия  ҳарифонаш  ба  шумор  мераванд. Дар  гурӯҳи  «А»  дастаҳои  Беларус,  Қирғизистон,  Қазоқистон  ва  Молдова қувваозмоӣ  мекунанд.
Дастаи  мунтахаби  кишвар  17  январ бо  дастаи  мунтахаби   Русия,  19  январ бо  дастаи  Эстония ва  21  январ  бо  дастаи  мунтахаби  ҷавонони Латвия  қувваозмоӣ  менамояд. Ҳамаи бозиҳо дар  варзишгоҳи «Петербургский»  баргузор  мешаванд. 
Мувофиқи тартиботи Ҷоми  Иттиҳод — 2016  ғолибони  гурӯҳҳо  дар вохӯрии  ниҳоӣ  иштирок  менамоянд. Дастаҳое, ки  дар  гурӯҳҳои  худ ҷойҳои  дуюмро  ишғол  мекунанд,  барои  ба даст овардани  медалҳои  нуқра  қувваозмоӣ  менамоянд. Дастаҳое, ки  дар  гурӯҳҳо  ҷойҳои  сеюмро  касб  мекунанд, барои  дарёфти  мақоми  панҷум  бо  ҳам  вомехӯранд. 
Маросими  ботантанаи  ифтитоҳи  мусобиқот  17  январ  ва хатми он 23  январ  сурат  мегирад. 

Декабрь 24, 2015 03:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид