Даъвати Эрон баҳри муттаҳидӣ
Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Ню — Йорк гуфтушуниди СММ аз рӯи қазияи Русия анҷом ёфт. Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ваъда дод, ки «саъю кӯшишҳои мутобиқшудаи ҷомеаи ҷаҳонро» ба хотири мубориза бо ДОИШ дастгирӣ менамояд.
«Мо бояд дасти якдигарро гирифта, ҳамаи чораҳоро бинем, то ба хунрезӣ хотима бахшем ва дар амри пешравии раванди сулҳомези Сурия ҳамаи суриягиҳоро муттаҳид созем, — гуфт Зариф. — Мо бояд дар муборизаи зидди зӯроварии ифротталабӣ ва террор бо василаи тафаккури дастаҷамъии зарурӣ муттаҳид гардем».
Пешниҳоди Зариф барои муттаҳид сохтани ҳамаи қувваҳои Ғарб дар лаҳзаи хатарнок ироа шуд. СММ ва кишварҳои аъзои Дастгирии байналмилалии Сурия бояд то 1 январ дар шаҳри Ню — Йорк вохӯранд. Ин мӯҳлат моҳи гузашта дар гуфтушуниди Вена барои оғози гуфтушуниди расмии байни президенти Сурия Башор Асад ва гурӯҳҳои мухолифини кишвар муқаррар шуда буд.
Вазири корҳои хориҷии
Эрон талаб мекунад, ки гуфтушуниди миёни ҳукумати Сурия ва гурӯҳҳои мухолифини зидди терроризм ҳар чи зудтар оғоз карда шавад. Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳамчунин талаб мекунад, ки масъадлаи фалокати гуманитарӣ дар Сурия ҳар чи зудтар ҳал карда шавад.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






