Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро

Декабрь 15, 2015 12:20

Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Баъд аз истиқлолият ёфтани Тоҷикистони азиз, барои аз нав бунёд сохтан, эҳёи ҷисмониву маънавии Ватанамон имкониятҳои хуб фароҳам омад. Дарҳои рушду тараққиёт, имкониятҳои навини бунёдгузорӣ ба рӯи мо боз гардиданд. Худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ки имрӯз аз сиёсати тақдирсози давлатамон гувоҳӣ медиҳанд, нақши боризи худро дар эҳёи навини Тоҷикистон мегузоранд.

Албатта, дар сиёсати Давлат, нақшаҳои Ҳукмат, қарору қонунҳои сатҳи баланди кишвар омилҳои тақдирсозе, ки имрӯз бе онҳо пешрафту инкишофи ҷомеаву мамлакат номумкин аст, ҳамарӯза пайгирӣ мешаванд. Ахиран таҷлили рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон  дар сатҳи умумихалқӣ  нишон дод, ки ҷомеаи мо, хусусан ҷавонону наврасонамон, нисбат ба муқаддасоти миллӣ на ин ки бетараф нестанд, балки арҷгузории баланд доранд, ки дар партави муҳаббати беандоза ба Ватан, омода будан ба ягонагӣ дар атрофи ин муқаддасот зуҳур гардид. Ба замми ин омилҳову чорабиниҳои зиёде, ки барои Ватан тақдирсоз ҳастанд, мавҷуданду амал мекунанду пайгирӣ мешаванд, ки бе онҳо ҳаргиз ба пешрафту комёбӣ наметавон даст ёфт.

Аммо масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо барои миллати мо бештар аз ҳама масъалаҳои дигар заруранд ва тақдирсозанд.  Масъалаҳое ҳастанд, ки солиёни сол ба мавҷудияти онҳо созиш кардаем, ҳол он ки маҳз ҳалли ҳамин масъалаҳо барои миллати мо, давлати мо имрӯз хеле зарур ва ҳалкунандаанд. Инҳо ҳамон масъалаҳое ҳастанд, ки бе ҳалли онҳо, бе аз байн бурдану бартараф  кардани онҳо, бо ҳама комёбиву пирӯзиҳо, пешрафти маънавии ҷомеаи мо душвор аст. Ин масъалаҳое, ки натанҳо моро мехкӯб ба худ кардаву дасту пои халқамонро бастаанд, балки онҳо, чунон ки зиндагӣ нишон медиҳад, метавонанд таркишҳоеро ба амал оранд, ки барои тамоми инсоният фоҷиаҳо ба  бор меоранд.

Аз ҷумла гаравишҳои ҷавонони мо ба ҳаракатҳои носолиму иртиҷоӣ, дар бемулоҳизаву кӯр-кӯрона рафтан аз паси онҳо низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегиранд.

Ин масъаларо банда масъалаи рақами як дар ҷомеаи мо ва дар ҷомеаи башарӣ меҳисобам. Як сабаби қафомонии баъзе аз гурӯҳҳои ҷомеаи мо, дар як ҷо қадам задану пеш нарафтани мо маҳз ҳамин масъалаҳоянд. Онҳоро метавон дар ду вожа баён кард: хурофот ва таассуб. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ хурофот – сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикру  мафҳуми беасос маънидод шудааст. Маънои таассуб  дар ин Фарҳанг тарафдории кӯркӯрона, мутаассибӣ; хурофотпарастӣ шарҳ ёфтааст. Шояд баъзеҳо тамасхуромез гӯянд: ҳамин ҳам гап шуд, хуб кашфиёт кардӣ, инро ҳама медонанд. Оре. Бадбахтӣ ҳам дар он аст, ки инро ҳама медонанд, аммо касе парво надорад ва кӯшиши аз байн бурдани онро намекунад.

Таассуб ва хурофот ҳамон заҳрпечакест, ки дасту пои ҷомеаи моро сахт печонида гирифтааст. Ва банда метарсам, ки тоза кардани ин заҳрпечак хеле мушкил хоҳад буд ва ин мараз асрҳои аср кори худро мекунад, миллати моро заиф, бемор, бемадор, беақл мегардонад. Агар мо аз ин хусус ошкоро нагӯем, бонги хатар назанем, ба ҷомеа ва хусусан ба ҳамаи онҳое, ки гумроҳ шудаанд, хатари онро нафаҳмонем, наметавонем онро аз байн бубарем.

Бадбахтӣ дар он аст, ки ин заҳрпечак мисли он, ки тухмаш дар бисоти мо кошта шудааст. Худаш аз даруни мо рӯй мезанаду нумӯъ мекунад: ҳеҷ дору, ҳеҷ табиб, ҳеҷ алломае  алҳол натавонистааст, онро решакан ва нобуд кунад. Банда кафолат медиҳам, ки дар тӯли таърих аксари кулли нокомиву бадбахтиҳои мо, шикасту бебарориҳои миллати мо аз заҳри ҳамин заҳрпечак ҳам ҳаст.

Бале, таассуб ва хурофот  метавонанд як халқро гумроҳ кунанд, аз асолоти  худ дур баранд. Аммо чаро халқи мо бештар ба он гирифтор аст? Чаро дар асри 21 мо бо ду пои худ дар ин хурофот ғӯтидаем? Яъне, агар сари мо, чашму рӯи мо дар ҳавои асри 21 ҷилвагарӣ мекунанд, ба сабаби гирифторӣ ба хурофоту таассуб пойҳои мо ҳанӯз дар гили асрҳои куҳан ғӯтидааст ва наметавонем аз он берун оем.

Шумо бубинед, ба таассуб ва хурофот на фақат халқи одӣ, одамони бесаводу чаласавод гирифторанд. Не, дар қатори гирифторшудагон, инсонҳои баландмартаба, баландвазифа, аҳли зиё, шахсиятҳои номдоре ҳастанд, ки ба ҳайрат меоед. Оё Худованди карим ҷисми миллати моро аз чӣ хоке офарида буд, ки имрӯз дар муқоиса бо дигарон чунин шармандаворем?

Далел? Дур намеравем, худи ҳамин моҷарои чанде пеш ба вуқӯъ пайваста ва ошкоршуда, ки дар матбуоту телевизион ҳамаҷониба таҷассум ёфт, далел аст. Ҳол он  ки чунин далелҳо хеле зиёданд. Бовари кас намеояд, ки як гурӯҳи бузурги мардуми гаравида ба таассуб шахсиятҳои номдор, дар ҷомеа маълуманду машҳур, маълумотҳои оливу дипломҳо доранд, ҳатто баъзеҳо аҳли илму каломанд, ба як муллотароши бесаводу, бекаромоту, бенафас, ки арзише надорад, ихлос баставу, зиёраташ рафтаву бовар доштанд, ки бо каромоти ӯ шифо меёбанд ё корашон барор мегирад, мушкилашон осон мешавад, соҳиби курсиву мансаб мегарданд ва ғайра. Аз куҷост ин соддалавҳиву гирифтории хандаовар? Аз куҷост, дар чӣ замина? Аламовар аст, ки ин зуҳурот дар кишвари мо, дар Тоҷикистон ва дар байни халқи содалавҳу хушбовари мост. Ин ҳама дар тарозуи ягон ақли солим намеғунҷад. Баъдан худи ин муллотарош ба бекаромотиву, бесаводии худ иқрор шуд ва айбро ба сари ҳама ҳаводорону муридонаш зад, ки онҳо худашон ба ӯ гаравидаанд.

Ҷои шубҳа нест, ки як сабаби гирифтории ҳамагонӣ ба хурофот ва таассуб баланд набудани сатҳи маърифату тангии назари мардуми мост. Аммо ин сабаби асосӣ нест, зеро ба сафи ин гирифторон баъзе ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли илму адаб низ шомиланд. Албатта, онҳоро касе гумроҳ кардааст, ба тарғиботи касе рафтаанду ба дом афтодаанд. Аммо чаро чунин гирифторӣ маҳз дар байни мардуми мо зиёд аст? Чаро онҳо ба ин макру ҳиял чунин осон меафтанд?!   Оё дар куҷои дунё шумо ин пастиро дидаед, ки оби таҳорати як муллои бесаводро навбат истода бешарму ҳаё биошоманд.

Вақте чунин муллоҳои мардумфиребро пайи ҳам фош мекарданд, дар телевизиони Тоҷикистон як навори дигаре нишон дода шуд ва мо дидем, ки чӣ гуна боз як муллотароши мардумфиреби дигар, ки як пояш ба лаби гӯр расидаву худ фартуту абгор гардидааст, як – як ҳоҷатмандону гирифторонро қабул мекунад ва духтарҳову ҷавонзанони зебои гумроҳи фиребхӯрдаро , ки ба ӯ ихлос бастаанд, дар танҳоӣ ба оғӯши фартути худ мефишораду соиш медиҳад. Яъне онҳоро шифо мебахшад. Ва онҳо ҳам бе дареғ ва шарму ҳаё ҷисму ҷони худро ба ихтиёри ӯ месупоранд. Оё киҳо буданд он ҷавонон, он занҳо, он мардум? Оё ақл, шарм ё одитарин эҳтиромро ба худ доштанд? То куҷо масхараву мазоқу хандаовар аст   ин ҳама. Дар чӣ сатҳе будан даркор, ки гирифтори чунин пастиву разолат шавед? Мо дар кадом аср зиндагӣ мекунем? Агар инҳо ҳама, фарз кардем, ки кӯру кару беҳушу беёд буданд, оё падару модар, хоҳару бародар, ҷомеаи мо мақомоти масъули иҷрои қонун дар куҷо буданд? Ин пири шайтонсириат рӯи мизҳо китобҳои диниву ба ҳуруфоти арабӣ навиштаро боз карда, ба маърази намоиш гузошта буд, ки ҳама гумон кунанд,  ӯ донишмандест, ки ғарқи мутолиаи китобҳост. Аммо маълум шуд, ки ӯ тамоман савод надорад ва ҳатто ин ҳарфҳоро намешиносад. Ба ҷуз нафси баду тамаъу фиреб ва фисқу фуҷур каромоте надорад. Аммо солҳои сол мардум дар дари ӯ бо навбат ба қабул меистоданд. Ва ӯ ҳеҷ гуна иҷозатнома ё ҳуҷҷати қонуние барои ин фаъолият надошт. Чӣ гуна метавон ин гумроҳӣ, ин аблаҳиву бемағзии ҷомеа ва ин беназоратиро таҳаммул кард?!

Ва ҳамин тавр дар тамоми деҳоту шаҳру навоҳии Тоҷикистон даҳҳо нафар, шояд садҳо нафар фиребгар ва қаллоб ба чунин фаъолият машғуланд. Борҳо фош шудаанд, борҳо ба даст афтодаанд, аммо ба халқи мо сабақ намешавад. Онҳо боз мераванд ба пеши муллотарошони бесавод, табибони фиребгари риёкор. Худашон онҳоро мекобанду меёбанд ва ба назар чунин мерасад, ки агар онҳо вуҷуд надошта бошанд, онҳоро ба вуҷуд меоваранд. Эй вой бар ҳоли мо, бар ҳоли ояндаи фарзандони мо, агар ин анъана давом кунад.

Шумо бубинед, мутаассибии мардуми мо, хурофотпарастии онҳоро, ки ҳато баъд аз он ки муллотароши авомфиреб фош ва ошкор гардид, худи ӯ ба бесаводиву ночизии худ иқрор шуд, то ҷое ин мардум гумроҳанд, ки баъд аз ин ҳам мегӯянд:  ӯ воқеан шайхи бузург буду Ҳукумат ва Давлат ҳузури ӯро нахостанд.

Ин афюни хурофот гаштаву баргашта мардуми моро ба сӯи худ мекашад. Ин мардум мисли он бангиҳое ҳастанд, ки агар бе мавод монанд, худро ба сад кӯю дар мезананд, аммо онро пайдо мекунанд.

Ба назар чунин мерасад, ки агар мо ҳама муллоёну табибони фиребгарро ошкор кунем, хурофоту таассубро аз байн бубардорем, фардо ин мардум худашон боз онҳоро эҷод мекунанд, зеро табиати мардуми гумроҳи мо ба онҳо ниёз дорад:  ба гирифторӣ, ба фиреб, қаллобӣ, дурӯғ, макр. Ин даҳшат нест магар?!

Кӯдаки беморро, ки фавран ниёз ба ҷарроҳӣ дорад, модари гумроҳи хурофотпараст  мебарад ба сари мазор ва бовар дорад, ки ӯ шифо меёбад. Беморҳоеро, ки таби баланд доранду, ҳатман бояд аз назари пизишк гузаронида шаванд, мебаранд ба пеши фолбину бахшӣ ва баъдан, вақте ноилоҷ беморро ба пеши пизишк меоранд, шифои бемор хеле гаронтар мегардад ё ин ки аслан дер мешавад.         

Ман намегӯям, ки ҳама табибони халқӣ бесаводу авомфиребанд. Табибони мардумие ҳастанд, ки соҳиби иҷозатномаҳои Вазорати тандурустӣ буда, метавонанд ба баъзе дардҳо бо гиёҳпизишкӣ ва истифода аз маводҳои табиат дармон бахшанд. Аммо  кӯр — кӯрона умедвор шудан, ки як чаламулло, як табиби дурӯғин метавонад ба ҳама дардҳо шифо бахшад, аз чӣ дарак медиҳад?

Мо намегӯем, ки ҳама муллоҳову домуллоҳои мӯътабар, ки дар байнашон воқеан домуллоҳои донишманд ва соҳибмаърифат кам нестанд, гунаҳгоранд. Балки, баръакс, як домулло ё муллои олим ва донишманду босавод, фурӯнафсу хайрхоҳ ва ватандӯсту инсонпарвар метавонад саҳми арзандаи худро дар тарбияи ҷомеа, суботу ваҳдати миллӣ бигузорад. Маҳз дини мубини Ислом ва донишмандони Ислом метавонанд раҳнамо бошанд, ки мардум аз сарҳади имону виҷдон ва инсонигарӣ убур накунанд. Аммо ин ҷо сухан дар бораи қаллобон, фиребгарон, риёкороне меравад, ки Қуръонро доми тазвир кардаанд.

Масъалаи мубориза  бо хурофот ва таассуб, фошсозии он барои адабиёти кӯҳанбунёди мо нав нест. Ҳанӯз дар асрҳои миёна бузургони мо ҳушдор аз хатари ин вабо  додаанд ва кӯшидаанд,ҷомеаро  аз хатару зарари он огоҳ кунанд.Ашъори Носири Хисрав, Умари Хайём,Сино, Мавлоно, Ҷомӣ, Бедил. Хусусан Ҳофизи лисон-ул-ғайб саршор аз андешаҳоест, ки дар онҳо мутаассибони риёкор фош мешаванд:

                        Ҳофизо, май хуру мастӣ куну хуш бош, вале

                        Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро,

Таассуб ва хурофот зиёни худро натанҳо дар тандурустӣ мегузоранд, балки зарару зиёнашон дар тамоми ҷанбаҳои рӯзгор намудор аст. Мутаассифона, эътиқоду бовари мардум то ҷоест, ки ин аҳли фиребу риё маслиҳатгари зиндагиву рӯзгор ва раҳнамои ҳаёти ин мардуми гумроҳ низ ҳастанд. Метавон дар хусуси фолбинҳои дурӯғин, ки бисёриҳо ба осонӣ ба доми фиреби онҳо меафтанд, низ тӯлонӣ сухан кард. Барои халқи мутамаддини мо айб аст, ки имрӯз дар асри 21 ба анъанаву суннатҳои дурӯғине, ки ҳатто аз замони тороҷи муғулҳо дар сарзамини мо боқӣ мондааанд, ихлос доранд. Амалиётҳое, ки бо номи қайтарма, бахшигӣ, аласт ва ғайраву ғайраҳо имрӯзҳо низ ба кор бурда мешаванд, гувоҳи ин аст.

Падидаҳои нафратовари дигар аз қабили сеҳру ҷоду, чашмбандӣ, кӯргираҳ ва ғайраҳо мардуми моро аз роҳи солими зиндагӣ ба кӯчаҳои сиёҳу пурдаҳшати фиребу макр мебаранд.

Қонунгузории мо ба фаъолияти ҳар гуна амалиёти қаллобиву мардумфиребӣ роҳ намедиҳад. Барои фаъолияти ғайриқонунии онҳо қонунгузорӣ  ҷазову ҷавобгариҳо муқаррар намудааст. Аммо боз ҳам худи ҷомеа, худи мо роҳ медиҳем, ки ин қарору қонунҳо вайрон шаванд.

Аммо банда фикр мекунам, ки танҳо бо қарору қонун намешавад. Дар ин ҷода худшиносии мардуми моро бояд баланд бардошт. Маърифат, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, ақлу фаросати ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ҷомеа, агар худаш сари роҳи ин авомфиребиҳоро нагирад, гумон аст, ки мо аз дому гирифтории ин падидаи хеле зиёновар барои миллати мо озод гардем.  Аз ҳама муассиртарин роҳи мубориза бо таассубу хурофот ҳамин худшиносии худи халқ аст.

Банда борҳо андешидаам, ки асоси таассубу хурофот чист. Ва ба чунин хулоса омадам, ки заминаи ҳамаи ин гирифториҳо тарсу ҳарос ва заифии ақлу андеша аст. Тарсу ҳарос аз худ, аз дунё, тарс дар назди мушкилот, тарс дар назди масъалаҳое, ки аз инсон ақлу нерӯ ва ташаббусу фаъолият талаб мекунанд, аз ҷумла бемориҳои хонаводагӣ, шикастҳои дигаре, ки дар зиндагӣ пеш меоянд ва ин ҳама нобовариро ба бор меоранд ва ин ҳама нобовариҳо инсонро бефаъолият, беташаббус, манқурт мегардонанд ва дар маҷмӯъ онҳоро мебаранд ба сӯи хурофоту таассуб. Ҳазрати Алӣ беҳуда нагуфтааст, ки “бузургтарин гуноҳ тарс аст”.

Аммо заминаи тарс чист? Заминаи тарс ҳамон камогоҳиву нокомилии донишу фарҳанг аст. Инсони муҷаҳҳаз ба дониш, илму фарҳангу маданият ин душмани ҳастиву ҷонро ба даргоҳи худ роҳ намедиҳад. Инсони бамаърифату донишманд, тавонотар аз дигарон ва хусусан аз он падидаҳоест, ки  ҳосили тахаюлоти заифанд.

Заминаи ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ тангии назар аст. Ҳамин тангии назар дар рӯзҳои тақдирсоз моро ба ҷабҳаҳо ҷудо кард, ба ҷанги бародаркуш овард. Ҳамин тангии назар миллати моро ба марази бедавои маҳалгароӣ гирифтор намудааст, ки маҳалгароӣ дар навбати худ душмани сарҷамъии миллати мост.

Аммо чӣ гуна метавон ин ҳамаро аз байн бурд?

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ  чандин қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии саривақтӣ бароварда шуд, ки дар роҳи худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти миллиамон арзиши баландро соҳибанд. Ин қонунҳо аллакай натиҷаву дастовардҳои муфиди худро додаанд. Аз ҷумла Қонун “Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ин зумраанд. Мо умедвор ва аминем, ки имрӯз навбати он расидааст, ки қонуну қарорҳои  дигаре, қабул шаванд, ки ҳадафашон  аз байн бурдани таассуб ва хурофот бошад.

Аҳли қалам, журналистону рӯзноманигорони мо дар ин ҷабҳа бояд беш аз ҳама фаъол бошанд. Яке аз нақшаҳои муассиру таъсирбахшро метавонанд шабакаҳои радиову телевизион, рӯзманомаҳо, шабакаҳои интернетӣ бибозанд. Пеш аз ҳама тарғибот, далелҳои равшану фошсозанда метавонанд чашми мардумро боз кунанд. Аммо барои муваффақ шудан ба ин пеш аз ҳама дарки ҳар яки мо, масъулияти ҳар яки мо лозим аст. Ончунон, ки  солҳои охир дастаҳои тарғиботӣ барои иҷрои қонунҳои дар боло зикршуда дар тамоми гӯшаҳои кишвар фаъолона кор бурданд, бояд айнан чунин гурӯҳҳои тарғиботӣ барои мубориза бо таассубу хурофот ташкил шаванд. Бояд барномаи давлатие ҳамаҷониба тарҳрезӣ гардад, ки дар он олимону адибон, ҳунармандони шинохта, шахсиятҳои намоёни ҷомеа шомил бошанд. Аммо чунин барномаҳо ва гурӯҳҳоро бояд Ҳукумат дар ҳама пояҳои давлатӣ ташкил ва раҳнамоӣ кунад, вагарна натиҷае ба даст намеояд.  

КАМОЛ НАСРУЛЛО,
АМИТ “ХОВАР”

Декабрь 15, 2015 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон густариш медиҳанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад