Донишкадаи идоракунии давлатӣ: хатми 65 магистрант дар соли 2015

Декабрь 21, 2015 05:32

    Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба  хатми магистрантҳо дар соли 2015 доир шуд. 
    Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода-ректори  донишкада,  Ҷ.Давлатов-директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашурбой — ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Самариддин Авғонов -сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Макс Георг Майер-роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ ва намояндагон аз мақомоти марказии кишвар иштирок намуда, сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки Донишкадаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи олии таълимии назди Сарвари давлат яке аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, маҳз бо ибтикор ва дастгирии Президенти маҳбуби кишварамон сол аз сол рушд меёбад.
     Дар тантанаи хатм 65 нафар ба дипломи дараҷаи магистрӣ бо ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” мушарраф гардиданд. Инчунин як гурӯҳ хатмкунандагони фаъол ва устодони донишкада барои меҳнати пурсамарашон аз ҷониби раёсати донишкада бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
     Дар ҷаласаи тантанавӣ магистрҳо барои меҳнати содиқона ба халқу Ватан ва роҳандозӣ намудани фаъолияти касбии худ таҳти шиори “Дасту дили пок ва нияти нек” савганд ёд карданд.
    

 

Декабрь 21, 2015 05:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад