Энергетикҳои Тоҷикистон ид доранд
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 22 декабр, дар рӯзи кӯтоҳтарини сол, энергетикҳои Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин дар ШСХК «Барқи тоҷик» бо иштироки муовини якуми раиси ширкат Маҳмадумар Асозода маҷлиси ботантана баргузор мешавад.
Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, муовини якуми ШСХК «Барқи тоҷик» М.Асозода зимни суханрониаш дар маҷлис аз таърихи таъсису рушди низоми энергетикии Тоҷикистон мухтасар нақл карда, роҳбарони шабакаҳои барқро даъват менамояд, ки реҷаи интиқоли барқро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда риоя намоянд.
Сипас собиқадорони соҳаи энергетика сипосгузорӣ ва пешқадамони бахши тавлиди нерӯи барқ бо нишонҳои аълочиёни «Барқи тоҷик» ва ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки иди энергетикҳо бори нахуст бо Фармони Президиуми Шӯрои олии ИҶШС аз 23 майи соли 1966 ба хотири рӯзи қабули Нақшаи давлатии электриконии Русия дар Анҷумани 8 – уми умумирусиягии Шӯроҳо 22 декабр соли 1920 тасдиқ гардида буд.
Дар Тоҷикистон 22 декабр, яъне Рӯзи энергетик бо мавриди истифода қарор гирифтани НБО – Варзоб – 1 иртибот дорад. Рӯзи энергетик, ки барои баъзеҳо маънои «гармию равшанӣ» — ро дорад, иди умумихалқист.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






