Эрон 11 тонна урани ғанишударо ба Русия фиристод
Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Эрон дар асоси созишномаи оид ба барномаи ҳастаиаш рӯзи душанбе киштии дорои тақрибан 11,3 тонна урани нисфғанишударо ба Русия фиристод.
«Бор тамоми маводи ҳастаии то 20 фоиз ғанигардонидашудаи Эронро, ки аз ҷумлаи унсурҳои сӯзишворӣ барои реактори тадқиқотӣ воқеъ дар Теҳрон ба шумор намеравад, дар бар мегирад», — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
«Интиқоли ҳамаи маводи ғанигардонидашуда аз Эрон қадами муҳиме дар роҳи уҳдадориҳояшро ба ҷо овардани Эрон аст, ки мутобиқи он ҳуқуқи аз 300 килограмм бештар доштани урани нисфғанишударо надорад», — хотирнишон мегардад дар изҳорот.
Созишнома дар бораи ҳалли мушкилоти ҳастаии Эрон 14 июл дар шаҳри Вена миёни Эрон ва «шашгонаи» миёнаравони байналмилалӣ (панҷ аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон) ба имзо расида буд. Созишнома бояд хусусияти хос сулҳомез доштани барномаи ҳастаии Эрон бар ивази аз Теҳрон лағв намудани ҳамаи таҳримоти байналмилалию якҷонибаро кафолат диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






