Файзобод: Файзия Қодирова бо сарфи 70 ҳазор сомонӣ кӯпруки деҳаи Бобои Валиро навсозӣ кард

Декабрь 29, 2015 06:53

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Файзия Қодирова, сокини ноҳияи Файзобод аз ҳисоби пасандозҳои захиракардаи худ ва ёрдами писаронаш нияти зиёрати хонаи Худовандро дошт. Баъд аз  андешаву мулоҳизаҳои дуру дароз, ӯ  азм намуд, ки ин маблағро ба кори хайре сарф кунад. Номбурда ҳангоми  ба меҳмонӣ рафтан  ба хонаи  духтараш Мавҷигул Назарова, ки  дар деҳаи Бобои Валӣ зиндагӣ мекунад, медид, ки кӯпруке, ки роҳи ин деҳаро бо роҳи асосӣ пайваст менамояд,  фарсудаю  хатарнок гардидааст ва  мардум бо душвории зиёд  аз болои он мегузаранд. 
Баъди ҳисобу китоб маълум шуд, ки барои пурра навсозии ин кӯпрук 70 ҳазор сомонӣ сарф мешавад. Писарони Файзия Қодирова — Маҳмаёру Худоёр, Худойдоду Диловар ва Абдулфаттоҳ  ба болои маблағҳои ҷамъкардаи  модар боз маблағ зам намуда, кӯпруки деҳаи Бобои Валиро, ки аз болои дарёчаи Элок мегузарад, аз нав барқарор намуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ кӯпрук пурра навсозӣ гардида, дар хизмати мардум қарор гирифт. 

Декабрь 29, 2015 06:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа