Файзулло Сатторов: Бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон номи тоҷик дар таърих ҷовидона сабт гардид
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -9- уми декабри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»- ро қабул намуд, ки тибқи қонуни мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат эътироф шуд. Вобаста ба қабули қонун Файзулло Сатторов дректор оид ба парвозҳо дар Ҷамъияти саҳомии Тоҷик- Эйр мегӯяд, ки маҳз бо шарофати Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон соҳиби давлат шуда, номи тоҷикон дар таърих ҷовидона сабт гардид. Эмомалӣ Раҳмон симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, парчами Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон дилпурона пеш мебарад.
«Мояи ифтихор аст, ки дар радифи чанд тан сиёсатмадори маъруфи ҷаҳони муосир Эмомалӣ Раҳмон мақоми арҷманде ба даст овард ва дар саросари дунёи мутамаддин ба ҳайси чеҳраи бузурги сиёсӣ аз ҷониби сарварони кишварҳои хурду бузург эътироф гардида, имрӯз арзандатарин мақом- Пешвои миллатро соҳиб шуд. Пешвоеро, ки бо ин хоксориву олиҳимматӣ ва бо ин иродати хастанопазир ҳанӯз таърихи Тоҷикистон ёд надорад. Барои расидан ба ин мақом роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилоту пур аз хавфу хатар, аммо пур аз ифтихору муҳаббат ва комёбӣ буд. Дастовардҳое, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият ба даст овардааст, нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои рушду инкишофи давлат ва мардуми кишвар чӣ хизматҳое кардааст»,- гуфт Файзулло Сатторов.
Ҳамчунин Сатторов пешравирои замони истиқлолиятро бо шарофати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дониста, чунин илова намуд: «Ҳамаи инро мо дар мисоли корхонаҳои худ баръало эҳсос мекунем. Дар ин давра соҳаи авиатсияи граждании тоҷик ба соҳаи дорои техникаю технологияҳои навтарини ҷаҳон табдил гардида, терминали мусофирбарии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз рӯи лоиҳаҳои навтарин ва муосири дунё ба истифода дода шуд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






