Форуми байналмилалии соҳибкорони СҲШ дар Маскав
Душанбе, 04.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар Донишгоҳи иқтисодии ба номи Плеханови Маскав Форуми панҷуми байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Иштирокдорони форум ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ ва роҳҳои ҳамгироии байналмилалӣ дар доираҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ва БРИКС — ро муҳокима намуданд.
Намояндаи махсуси президенти ФР оид ба умури СҲШ Бахтиёр Ҳакимов изҳор дошт, ки «СҲШ 18 кишварро фаро гирифта, вале маркази ҳамгироӣ набуда, балки созмонест, ки дар он ба татбиқи барномаҳои мухталиф диққат дода мешавад».
«Тоҷикистон яке аз асосгузорони СҲШ буда, ба таври ҳаққонӣ яке аз унсурони асосӣ дар сохтори созмони мазкур ба шумор меравад. Тоҷикистон нерӯи бузурги иқтисодӣ ва барои рушди иқтисодиёташ имкониятҳои истифоданашуда дорад. Иштироки Тоҷикистон дар чунин равандҳои ҳамгироӣ барои истифодаи ин нерӯҳо имконият фароҳам меорад», — гуфт ба намояндаи АМИТ «Ховар» Денис Тюрин, директори Клуби соҳибкорони СҲШ.
Дар ҷараёни форум ҳамчунин масъалаи ҳамкории стратегӣ дар бахши энергетика муҳокима шуд. Иштирокдорон изҳори ақида намуданд, ки ҷалби сармояҳои Чин ва кишварҳои дигари хориҷӣ ба соҳаи энергетики кишварҳои аъзои СҲШ метавонад фазои СҲШ — ро боз ҳам васеътар намояд.
«Клуби энергетикии давлатҳои аъзо ва мушоҳидону мушорикони иштироккунандаи муколамаи СҲШ бояд маркази расмӣ барои муоширати намояндагони ҳукуматҳо, ҳамчунин соҳибкорон ва доираҳои илмии ҳамаи кишварҳое гардад, ки хоҳиши ҳамкории энергетикӣ дар доираҳои СҲШ — ро доранд. Ин самараи маблағҳои барои лоиҳаҳои муштарак истифодашударо, бешубҳа, афзун менамояд», — изҳор дошт Одил Сангов, намояндаи бахши миллии Ҳамкории соҳибкорони СҲШ ҶТ дар ФР.
Намояндаи Тоҷикистон зимни суханрониаш ҳамчунин дар мавриди ҳамкории иқтисодӣ пешниҳод ироа намуд.
«Мо барои татбиқи лоиҳаҳо бояд манбаъҳои маблағгузории худро дошта бошем. Ин вазифаро бояд механизмҳои маблағгузорӣ ба фаъолияти лоиҳавӣ иҷро намоянд. Имрӯз якчанд консепсия баррасӣ мешавад. Аввалан, ин пешниҳод дар бораи кушодани Суратҳисоби махсус ё Хазинаи рушди СҲШ барои қарздиҳӣ ҷиҳати аз нигоҳи техникию иқтисодӣ асоснок намудани лоиҳаҳо мебошад. Сониян, ин иборат аз таъсиси Бонки калони рушди СҲШ мебошад, ки бояд барои татбиқи лоиҳаҳо қарз диҳад. Вале ин ҳанӯз нақша аст. Иттиҳоди соҳибкорони СҲШ худи имрӯз ба қарзҳои имтиёзнок эҳтиёҷ дорад. Ҳалли масъалаи мазкур татбиқи бисёр лоиҳаҳои ояндадор барои минтақаи СҲШ — ро муайян мекунад», — гуфт Одил Сангов.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






