Форуми таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик

Декабрь 10, 2015 08:35

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 10 декабр Форуми таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик ва таҷрибаи муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо  дар Душанбе ба кори худ оғоз кард.
Дар он сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тоҳир Каримзода, директори маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират Акрам Муҳамматқулов, намояндагони ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доранд. 
«Муҳоҷирати меҳнатӣ дар замони имрӯза тамоми паҳлӯҳои ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст.Тоҷикистон як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз ин раванд барканор намондааст. Ҳанӯз соли 2000 муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон 185 млн нафар буда, соли 2013 шумораи онҳо ба 232 млн нафар расидааст. Аз ҶТ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар менамоянд. Мутобиқи баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишварамон дар  11 моҳи соли ҷорӣ 533 882 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз ин шумора 523 523 нафар ба Русия сафар кардаанд»,-гуфт сардори Хадмоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода.
Бино ба иттилои сардори хадамот дар айни замон дар қаламрави Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷамъиятҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон расман  фаъолият мекунанд.  «Барои ҳалли мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ  ва  паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонамон ба хориҷи кишвар моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ҷойҳои корӣ таъсис диҳем. Бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ҳамаи заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд»,-илова намуд Тоҳир Каримзода. 
Дар ҷараёни форуми дурӯза масъалаҳои таҷрибаи Аврупо дар масъалаи ҳамкории давлат бо диаспораҳо, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо диаспораҳои тоҷикон, саҳми диаспораҳои тоҷик барои рушди Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба диаспора мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. 

 

 

Декабрь 10, 2015 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа