ХДО: қоидаҳои бехатарии сӯхторро дар Соли нав риоя кунед!
Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тибқи супориши роҳбарияти ВКД ва СХДО кормандони ХДО ВКД дар маросими иди арча фаъолиятро боз ҳам пурзӯр намуда, бехатарӣ аз сӯхторро дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои оммавӣ таъмин доранд.
Барои он ки дар рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои ғамангез рух надиҳанд, бояд ҳар як нафар қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.
Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасанд ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ оташхомӯшкунаки коршоям ва кампали патдор нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.
Дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, таҷлили идро мебояд фақат рӯзона гузаронид. Арчаро дар байни толор, дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим аст. Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан ва бо шамъ чароғон кардан манъ аст.
Атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст. Кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст. Дар сурати истифода бурдани қувваи барқи шиддаташ 220 волт бояд танҳо аз шилшилаҳои фабрикӣ истифода бурд, зеро шилшилаҳои худсохт аксар вақт сабабгори сар задани сӯхтор мегарданд.
Шахси ба бехатарии зиддисӯхтор масъул бояд нақша ва қоидаҳои аз ҳудуди бино муташаккилона баромадани иштироккунандагонро тартиб дода, онро ҳатман бо Хадамоти оташнишонӣмувофиқа намояд ва иҷозатномаи махсус гирад. Дар вақти гузаронидани иди арча бояд тамоми дарҳои баромад кушода бошанд ва дар назди ҳар яки онҳо навбатдорон истанд.
Дар дохили бино шамъҳои бинголӣ, магний гирондан, мушак ва дигар маводи пиротехникии тарканда истифода бурдан қатъиян манъ аст. Пӯшидани либосҳои пахтагӣ, коғазӣ, докагӣ ва аз дигар матоъҳои зуддаргиранда тайёркардашуда дар Иди арча дуруст нест. Ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101»), ба хадамоти оташнишонӣ хабар додан зарур аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






