Хуҷанд: Вазъи таъминот бо оби полезӣ дар минтақаҳо беҳтар шуд

Декабрь 29, 2015 06:15

Хуҷанд, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ ва ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин арзёбӣ мешавад, тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд бо ин мақсад зиёда аз 2,6 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардиданд.
Ин маблағҳо асосан барои беҳтар намудани таъмини обрасонӣ ба мавзеи “Сексарӣ” барои дастрас намудани 1 дастгоҳи пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-4”, барои таъмини оби полезии заминҳои ноҳияи Спитамен барои дастрас намудани 1 муҳаррики барқӣ барои пойгоҳи обкашии “Новая”, барои таъмини оби полезии ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод баҳри  кофтани 20 адад чоҳи амудӣ ҷудо гардиданд.
Ҳамзамон, дар ин давра якҷоя бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 дастгоҳҳои обкашӣ ба пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2”-и ноҳияи Мастчоҳ ва 2 адад ба пойгоҳҳои обкашии “Ёрӣ” ва “Нилуфар”-и шаҳри Панҷакент дастрас ва насб шуда, таъминоти оби полезӣ дар ин минтақаҳо беҳтар гардид.

 

Декабрь 29, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид