«Иқбол» — туҳфаи соҳибкор барои кӯдакон
Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Убайдуллои Фирӯз аввалин Муассисаи хусусии кор бо кӯдакони лаёқатманд бо номи «Иқбол» дар шаҳраки Фархор ба фаъолият оғоз кард, ки он туҳфаи арзанда дар арафаи соли нави мелодӣ барои соҳаи маориф мебошад. Муассисаи мазкур бо тарҳи зебои муосир бунёд ёфта, дорои 9 синфхона мебошад. Синфхонаҳо барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, биология, химия, забонҳои русиву англисӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳазанд. Синфи компютерӣ низ барои омӯзиши асосҳои кор бо техникаи компютерӣ заминагузорӣ шуда, бо проектору тахтаи электронӣ таъмин мебошад. Директори муассиса Шодмон Қӯзиев иброз дошт, ки Муассисаи хусусии кор бо кӯдакони лаёқатманд бо номи «Иқбол» барои 340 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Хонандагон дар марказ ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд ва ҳар як гурӯҳ аз 12-14 нафар хонанда иборат мебошад. Гурӯҳҳои ҳамгиро (фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика ва техникаи компютерӣ) барои хонандагони синфҳои 5,6,7 ва 8 ҳафтае 2 соат гузаронида мешаванд. Омӯзгорони ин муассиса дониши хуби касбӣ дошта, маҳорати касбии худро дар хориҷи кишавар такмил додаанд. Ғайр аз ин дар муассиса барои хатмкунандагони синфҳои 11 курсҳои махсуси тайёрӣ ба имтиҳонҳо аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки хонандагон баъди дарсҳо ҳафтае 3 рӯз омада, дониши худро такмил медиҳанд. Таҳсил дар муассиса аз ҳисоби маблағгузории падару модарон ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин муассисаи хусусӣ 33 хонанда дар ду гурӯҳ дарсҳои иловагӣ мегиранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






