Иҷлосияи ММ МО ҶТ шурӯъ гардид
Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ин лаҳзаҳо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» шурӯъ намуданд. Рӯзномаи ҷаласа фарогири 22 масъала аст.
Ёдовар мешавем, ки қонуни мазкур 9-уми декабри соли равон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ қабул гардид, ки дар асоси ин қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман Пешвои миллат эълон мегардад.
Вобаста ба қабули қонуни мазкур аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат номаю андешаҳо ва муроҷиатномаҳои зиёд ворид шуда истодаанд ва мардуми ҷумҳурӣ аз қабули ин қарор хушнудию тарафдории хешро якдилона изҳор менамоянд.
Дар мавриди ин масъала ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Маҳмадисуф Имомов сухан гуфта, қабули қонуни мазкурро саривактӣ ва хеле муҳим донист.
Дар ин лаҳзаҳо баррасӣ идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






