Ифтихори Тоҷикистон, Ибни Раҳмон, ибни Раҳмон…

Декабрь 19, 2015 05:47

Душанбе, 19.12.2015 (АМИТ «Ховар»).
                  
                  Эй нажоди оли Сомон,

                   Раҳнамо чун шамси тобон.

                   Тоҷики рўи ҷаҳонро,

                   Такягоҳу ҳам саробон.

                   Ифтихори Тоҷикистон,

                   Ибни Раҳмон, ибни Раҳмон…

          Бо амри таърих, баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ ва аз хуштолеъ будани миллати тоҷик буд, ки шахси хирадманду оқил, соҳибиродаю дурандеш Эмомалӣ Раҳмон дар як вазъияти хеле ҳам ҳассос роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб гардид. Аз рўзҳои аввали фаъолияти кориаш ин марди наҷиб барои ба даст овардани амнияти комили шаҳрвандон ва тараққиёту ободии кишвар ҷаҳду талош мекард,. зеро дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ аз минбари баланд иброз дошт, ки тоҷиконро соҳиби давлат карда, Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот мебахшад. Ў ба ин ваъдаи додааш мардонавор устувор монд ва бо азму иродаи шикастнопазир баҳри сарҷамъ кардани тоҷикон ва аз байн бурдани ҷанги шаҳрвандӣ саъю кўшиши шабонарўзӣ мекард:

                  Ҷангро хомўш кардӣ,

                   Ҷоми ваҳдат нўш кардӣ.

                   Тоҷики саргаштаро ту,

                   Чун падар оғўш кардӣ.

                   Мисли ту кам дида инсон,

                   Ибни Раҳмон, ибни Раҳмон…  

        Душманон ва хоинони миллат барои муташанниҷ кардани авзои сиёсии кишвар аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебурданд, вале хушбахтона, тирашон хок хӯрд. Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, тоҷиконро муттаҳид созад. Тамоми гурезаҳои дар хоки давлати Афғонистон ва дигар давлатҳои муштаракулманофеъ буда ба ватан бозпас гардонида шуданд ва таҳти ғамхории ҳамаҷонибаи давлат қарор гирифтанд. 

         Решаи  андешаи сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон аз дарёи тафаккури халқдўстии миллати куҳанбунёди тоҷик об мехўрад. Аз ин ҷост, ки ин марди накўкору хайрхоҳ барои аз байн бурдани низоъҳои сиёсии давлатҳои ҷангзада, аз минбари созмонҳои бонуфуз сухан гуфта, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод менамояд, зеро барномаи сулҳи тоҷикон мавриди омўзиши тамоми созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз он ҳамчун намунаи ибрат истифода  мешавад. Рисолати  Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳӣ ва нафъ расонидан ба аҳли башар мебошад:

                      Чун Анўшервону Ҳотам,

                   Хайрхоҳи халқи олам.

                   Аз барои ҳифзи меҳан,

                   Ҷонсупор амсоли Рустам.

                   Дар ҷасорат марди майдон,

                   Ибни Раҳмон, ибни Раҳмон…

Шукри Худо, ки имрўз Тоҷикистон истиқлолияти комил ба даст оварда, соҳиби Конститутсия (Сарқонун) забон, нишону парчам, суруд ва асъори  миллӣ, артиш, сарҳади мушаххас ва дигар муқаддасот мебошад. Тоҷикистон рўз аз рўз рў ба инкишоф оварда, ба яке аз давлатҳои тараққикарда табдил меёбад. Дар давоми солҳои истиқлолият, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои обии хурду миёна, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, биноҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар иншооти муҳими стратегӣ баръало дида мешаванд. Тайи солҳои охир соҳаи кишоварзӣ, хусусан боғпарварӣ рў ба инкишоф овардааст. Алҳол бо зиёд гаштани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар, масъалаи рафтани ҷавонон ба муҳоҷират коҳиш ёфтааст. Дар тамоми заминаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пешравиҳои назаррас дида мешаванд, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мебошад:

                       Корҳо эҷод кардӣ,

                   Мамлакат обод кардӣ.

                   Хотири пиру ҷавонро,

                   Шод кардӣ, шод кардӣ.

                   Эй Худо бодат нигаҳбон,

                   Ибни Раҳмон, ибни  Раҳмон…

           Ҳоло ҷаҳони муосир, ҷаҳони бархурди тамаддунҳо ва муборизаҳои иттилоотӣ мебошад ва Эмомалӣ  Раҳмон дар ин замина низ корҳои зиёдеро ба сомон  расонидааст. Имрўзҳо дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг навигариҳо ва таҳаввулоти зиёд дида мешаванд. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишвар ва берун аз он таҳсил карда, дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос тарбият меёбанд. Тафаккур ва шуури миллӣ дар зеҳни аҳолии ҳамаи қишрҳои ҷомеаи тоҷик ҳис  мешавад. Новобаста ба сиёсатҳои иғвоангези берунӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмон ва ба анҷом расонидани Неругоҳи обию барқии Роғун, ки калиди истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон мебошад, дар такя бо институтҳои ҷаҳонӣ ҷаҳду талош меварзад. Душманони халқи тоҷик ҳамеша саъю талош мекунанд, ки ба воситаи гумроҳ кардани баъзе ашхоси ҷоҳил сулҳу суботи тоҷиконро халалдор созанд, вале асолати аслии тоҷикон онҳоро ҳаргиз намегузорад, ки ба мақсадҳои нопокашон расанд. Эмомалӣ Раҳмон марди худодод, ифтихору пешвои тоҷикони ҷаҳон ва қаҳрамони миллати тоҷик мебошад. Ҳеҷ кинаварз ва ҳасудпешае наметавонад, ки сулҳу суботи тоҷиконро барҳам занад ва миллати тоҷикро аз ҳам фурў пошад:

                    Онро, ки кулоҳи подшоҳӣ ба сар аст,

                   Беҳуда ҳасад мабар, ки аҳли назар аст.

                   Гар подшаҳи ҷаҳон тараҳҳум накунад,

                   Кай бандае аз хок чунин муътабар аст ?
 
         Тамоми кору пайкори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар якчанд саҳифа ё китобе  гирд овардан номумкин аст, зеро дар солҳои истиқлолият ин марди хирадманд корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки танҳо ба қалам додани як самти фаъолияти он садҳо асар мешавад. Ў воқеан пешвои миллат буда, сазовори ифтихори халқи тоҷик дар таърихи давлатдории тоҷикон  мебошад.
    Раиси шаҳри Роғун  Шарифзода Шариф Файз

Декабрь 19, 2015 05:47

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад