ИМА дар ША СММ ба изҳороти Русия зид баромад
Душанбе, 14.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Русия ба Шӯрои амнияти СММ изҳорот пешниҳод намуд, ки дар он амалиёти террористӣ дар Ҳомс маҳкум карда мешавад. Ҷангиёни ДИ дар ин шаҳр бомбаи 150 килограммаро таркониданд, ки бар асари он 18 нафар ба ҳалокат расида, 70 нафар захм бардошт. ИМА пешниҳод намуд, ки ба изҳорот ислоҳ ворид карда шавад. Ҷониби Русия ин пешниҳодро маъқул наёфта, дар натиҷаи ин ташаббус дастгирӣ нашуд.
Аз ин пеш Димишқ аз рафтори Шӯрои амнияти СММ нисбат ба ҳодисаи зикршуда эътироз баён карда, зикр намуд, ки ин амал «террористон ва ҳомиҳои онҳоро барои содир намудани кирдорҳои нави ҷинояткорона рӯҳбаланд месозад». Таркиш дар назди беморхона рух дод, хотирнишон месозад ТАСС.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






