Интизории Б.Обама аз тағйирёбии мавқеи тактикии Русия дар Сурия дар чанд моҳи наздик
Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Президенти ИМА Барак Обама итминон дорад, ки дар чанд моҳи охир мавқеи тактикии Русия дар Сурия тағйир меёбад. Ба андешаи Барак Обама хотироти Афғонистон намегузорад, ки Русия ба ҷанги шаҳрвандии Сурия кашида шавад.
— Барак Обама дар Париж зимни изҳорот барои рӯзноманигорон гуфт, ки: «Шояд дар чанд моҳи наздик русҳо мавқеи тактикии худро тағйир дода, иқрор шаванд, ки вақти хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандии Сурия фаро расидааст, — менигорад Bloomberg.
— Барак Обама зикр намуд, ки дар чанд рӯзи охир набояд гардиши тактикии Русияро ба 180 дараҷа дар масоили Сурия интизор шуд. Ишора шуд, ки Президенти Русия Владимир Путин иштироки Иттиҳоди Шӯравиро дар ҷанги Афғонистон, ки натиҷаи он гирифторӣ ба муноқишаҳои мушкили шаҳрвандӣ буд ва хотироти он дар зеҳнҳо ҳанӯз тоза аст, дарк менамояд ва побанди муноқишаҳои дурударози шаҳрвандӣ дар Сурия шудан-ин он натиҷае нест, ки Русия хостори он бошад.
Дар Конфронси СММ оид ба иқлим 30 ноябри соли равон дар гуфтушуниди байни Барак Обама ва Владимир Путин, ки байни танаффусҳо доир гардид, тӯли ним соат муноқишаи Сурия мавриди муҳокима қарор дошт.
Тавре ки аз Қасри Сафед хабар доданд, Б.Обама дар ин гуфтушунидҳо изҳор доштааст, ки ИМА хостори бо роҳи осоишта аз сари ҳокимият рафтани Башор Асад аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






