Ҷиргатол: Чорабинӣ доир ба қабули Қонун «Дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»

Декабрь 14, 2015 12:33

Ҷиргатол, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 11-уми декабри соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол бо иштироки 300 нафар, аз ҷумла кормандони дастгоҳи  раиси ноҳия, фаъолон, аҳли ҷамъият, роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо, собиқадорон ва  ҷавонон  доир  ба ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» маҷлиси васеъ баргузор гардид. Раиси ноҳия  Умедхоҷаи Зоир доир ба фаъолияту садоқату сулҳофарӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон сухан гуфт. Ҳамчунин  собиқадорони меҳнат  Саидбек Бердиев,  Борон Холиқов, Амонсултон Равшанбекова, сармуҳаррири  рӯзномаи «Паёми Ҷиргатол» Акбар Ризвонов ва донишҷӯи  Коллеҷи омӯзгории ноҳия  Суман Абдураҳмонова  оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» сухан гуфтанд ва  қонуни мазкурро сокинони ноҳия якдилона дастгирӣ намуданд.

 

Декабрь 14, 2015 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш