«Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ»
Душанбе, 18.18.2015. (АМИТ «Ховар).—Имрўз дар толори «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» оғоз гардид. Дар конфронси мазкур Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилӣ Солеҳзода Искандар, муовини раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Асадулло, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар ва бештар аз 630 нафар ҷавонону донишҷўёни фаъол аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок доранд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ду рўз идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






