Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар) — 18- 19-уми декабри соли 2015 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» бо иштироки васеи ҷавонону донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар баргузор мегардад.
Дар семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросим, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия иштирок менамоянд.
Барои инъикоси ҷараёни семинар намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






