Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

Декабрь 21, 2015 13:25

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар Ҷаласаи хоса ва сипас дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд.

Ба рӯзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳои доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, то барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналхалқӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби неруҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки “Барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд”ва илова кард, ки “ҳамоиши имрӯза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин зимни суханронӣ оид ба фош сохтани таблиғгарон, пешгирии ҷалби ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, вазъи сарҳадҳои кишварҳои СААД, пурзур кардани неруҳои низомӣ барои мубориза бо хатарҳои нав андешаронӣ намуд.

Ба сатҳи баргузории машқҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо баҳои арзанда дода, таклиф ба миён гузошта шуд, ки минбаъд дар доираи созмон барои дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани қувваҳои мусаллаҳ бояд чораандешӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар сафи пеши муқовимат қарор дорад, барои мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Изҳороти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расид.

 

Декабрь 21, 2015 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд