Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Чженчжоуи музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо -сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард.
Нишасти навбатии сарони ҳукуматҳо -сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки доираи васеъ баргузор шуд.
Қоҳир Расулзода аз талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои аъзои созмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар шароити кунунии таъсири ногувори бӯҳрони иқтисодию молиявӣ иштироки якҷояи давлатҳои аъзои созмон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ омили муҳими таъминкунандаи рушди устувори ҳама кишварҳои қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳисоб меравад. Тавре ки Сарвазири мамлакат таъкид кард, Тоҷикистон хостори рушди бемайлони ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай буда, аз таъсиси камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ҷонибдорӣ менамояд.
Роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласа дар нишасти доираи маҳдуд ва бо иштироки аъзои ҳайатҳо дар маҷмӯъ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматиро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, илму фарҳанг ва дар дигар соҳаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи навбатӣ вазъи Шӯро ва фаъолияти иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи солҳои 2014-2016 муҳокима гардида, як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор ба имзо расид.
Дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо -сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ва Раиси ҳукумати иҷроияи Вахдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло мулоқот кард. Масоили рушду таҳкими ҳамкории наздимарзӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва фарҳангии байни ҳамсоякишварҳо аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот буд.
Субҳи рӯзи 16-уми декабри соли равон дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба идораи интернет баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ кард. Қабл аз оғози кори иҷлосия Қ. Расулзода дар мулоқоти Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо роҳбарони ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карда, паёму шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмонро ба роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин расонид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






