Истифодаи асъори юани чинӣ барои кам намудани фишорҳои қурбӣ мусоидат хоҳад кард
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” омода шуда, ба воситаи он амалиёти хариду фурӯши асъор аллакай амалӣ шуда истодааст. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин низом ҳамарӯза ба ташкилоти қарзӣ фурӯши доллари амрикоиро анҷом дода, тавассути ташкилоти қарзӣ дахолатҳои асъорӣ — фурӯши доллари нақди ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи ш. Душанбе ба роҳ мондааст”,-гуфт муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев зимни нишасти матбуотии имрӯза.
Инчунин дар нимаи дуюми соли ҷорӣ барои диверсификатсияи амалиёти берунаи асъорӣ, созишномаи СВОП бо асъори юани чинӣ ба имзо расид, ки истифодаи босамари он барои кам намудани фишорҳои қурбӣ мусоидат хоҳад кард. Мубодилаи он ба таври озмоишӣ (пилотӣ) рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Аз ҳисоби мутахассисони БМТ ситод ва гурӯҳҳои кории фаврӣ барои назорати мунтазами фаъолияти муассисаҳои ташкилоти қарзӣ дар бозори дохилии асъор ташкил ва ба фаъолият шурӯъ карданд.
“Илова бар ин, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар тамоми ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ситодҳои доимии назорат аз болои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор вобаста ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ ташкил шуданд ва онҳо ҳамарӯза амал менамоянд”,-илова намуд муовини аввали раиси БМТ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






