Кӯшиши табаддулот дар Душанберо хонандагони АМИТ «Ховар» ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли равон мешуморанд

Декабрь 21, 2015 05:03

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ин навбат бо саволи «Ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли 2015 кадом аст?» назарпурсӣ баргузор кард. Назарпурсӣ муддати ду ҳафта идома ёфт ва дар он то соати 8-и субҳи 21-уми декабр 295 нафар иштирок карданд. Ба андешаи 8 фоизи овоздиҳандагон ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли 2015 офати табиӣ дар Бадахшон будааст, ҳамин миқдор овоздиҳандагон (8 фоиз) марги муҳоҷиркӯдаки курдӣ дар баҳрро ҳодисаи хабарсози соли равон донистаанд. Ба андешаи 13 фоизи овоздиҳандагон ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Фархунда дар Кобул ҳодисаи беш аз ҳама хабарсоз ва боз ҳамин миқдор иштирокдорони назарпурсӣ (13 фоиз) амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русияро дар Сурия ҳодисаи хабарсоз номидаанд. Ҳамлаи тайёраи F-16-и Туркия ба бомбаандози Су-24-и Русия ба андешаи 14 фоизи иштирокдорон ҳодисаи беш аз ҳама хабарсоз ва марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт-Петербургро 20 фоизи пурсидашудагон ҳодисаи хабарсози сол гуфтаанд. Аз ҳама бештар иштирокдорони назарпурсӣ — 24 фоизи овоздодагон кӯшиши табаддулот дар Душанберо ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози сол номидаанд.
   Дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» то соати 8-и имрӯз 98 нафар дар назарпурсӣ иштирок карда, 21 фоизи онҳо ҳамлаи тайёраи F-16-и Туркия ба ҳавопаймои ҷангии Су-24-и Русия ва ҳамин миқдор марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт-Петербургро ҳодисаҳои хабарсози сол гуфтаанд. 18 фоизи пурсидашудагон амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар Сурия, 15 фоиз кӯшиши табаддулот дар Душанбе, 14 фоиз офати табиӣ дар Бадахшон ва 7 фоиз қатли Фархунда дар Кобулро ҳодисаи хабарсози сол гуфтанд. Ҳамагӣ 2 фоизи иштирокдорони назарпурсии бахши русии сомона марги муҳоҷиркӯдаки курдиро ҳодисаи хабарсози соли сипаришаванда номиданд.
Хотиррасон мекунем, ки назарпурсӣ ғайрирасмӣ буда, ҳадаф аз баргузории он танҳо муайян кардани сатҳи дарку тафаккур, вокуниш ва муносибати фаъолони ҷомеа нисбат ба ҳодисаҳои дар дохили кишвар, минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ ба амаломада мебошад. Ҳар яки 7 ҳодисаи мавриди назарпурсӣ қарор гирифта дар мавриди худ хабарсоз буданд, таваҷҷуҳи на танҳо шаҳрвандони мамлакат, ҳамчунин сокинони сайёра, коршиносону мутахассисон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва муҳаққиқонро ба худ ҷалб карда буданд.
Аз ҷумла, дар назарпурсӣ беш аз ҳама ҳодисаи хабарсози сол дониста шудани кӯшиши табаддулот аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиа А. Назарзода ва ҳаммаслаконаш аз ҳисоби размандагони мухолифини мусаллаҳ баёнгари он аст, ки шаҳрвандони мамлакат пойдор будани тинҷӣ ва амну суботи ҷомеаро муҳимтарин омили устувории  давлату миллат мешуморанд. Ба ҳодисаҳои минтақа (қатли ваҳшиёнаи Фархунда аз ҷониби таассубгарони беандеша) ва мураккабу печида гардидани вазъият дар кишварҳои Ховари миёна (амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар Сурия) баҳогузорӣ кардани хонандагони сомона аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон наметавонад аз гирдоби вазъи зуд-зуд тағйирёбандаи ҷаҳонӣ дар канор бошад. Бинобар ин муттаҳид будани фаъолони ҷомеа дар атрофи манфиатҳои давлату миллат тақозои замон ва давр бояд бошад.   

 

Декабрь 21, 2015 05:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд