Кишварҳои СААД тасмимашонро дар мавриди мусоидат ба ҳалли сиёсии вазъияти Сурия тасдиқ намуданд
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмимашонро дар мавриди мусоидат ба ҳалли вазъияти Сурия ва гуфтушуниди миёни ҳукумати Ҷумҳурии Араби Сурия ба мухолифин тасдиқ намуданд, — гуфта мешавад дар изҳороти сарони давлатҳо, ки аз рӯи натиҷаи ҳамоиши СААД қабул шуд.
«Ҷилавгирии қатъии фаъолияти гурӯҳҳои террористии ДОИШ – ро, ки дар бисёр кишварҳо хунрезии бераҳмонаро ба миён оварда ва ба тамоми башарият таҳдид мекунад, вазифаи асосӣ мешуморем», — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат. «Иброз медорем, ки хавфу хатар ба амнияти Осиёи Марказӣ вобаста бо вусъат ёфтани фаъолияти ДОИШ, ҷунбиши «Толибон», «Ал – Қоида» ва созмонҳои дигари террористӣ дар қаламрави Афғонистон вусъат ёфта, вазъи сарҳадҳои ҷанубии СААД – ро ҳар чи бештар муташанниҷ сохта, хавфи пуршиддат гардидани вазъияти минтақаи масъулияти онро ба миён меорад», — гуфта мешавад дар изҳорот. Кишварҳои СААД ҳамаи давлатҳоро даъват намуданд, ки талабҳои қатъномаи зиддитеррористии Шӯрои Амният ва Ассамблеяи Генералии СММ –ро ҳатман иҷро намоянд. Онҳо Русияро дар амри ҳодисаи марбут ба ҳамлаи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Туркия ба ҳавопаймои Су – 24 Русия дар Сурияро дастгирӣ намуданд, хабар дод аз рӯи натоиҷи ҳамоиш президенти Арманистон Серж Саргсян.
Роҳбарони СААД ваколатҳои дабири кулли Созмон Николай Бордюжаро то 1 январи соли 2017 тамдид намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






