Комиссияи Аврупо ёрии башардӯстонаи худро ба аҳолии зарардидаи Тоҷикистон тавассути созмонҳои шарики худ равона мекунад

Декабрь 28, 2015 12:09

Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Иттиҳоди Аврупо ба қурбониёни зилзилаи харобиоваре, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 7 декабр соли ҷорӣ зарба задааст, кумаки башардӯстона бо ҳаҷми умумии  84 ҳазор евро таъмин карда истодааст.  Зиёда аз 36000 евро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас мегардад, то ин ҷамъият кумаки хеле заруриро зудтар ба 195 хонаводаи осебпазир таъмин намояд. Хонаводаҳои мазкур иборат аз 935 нафар, аз ҷумла якчанд фарзанду маъюб доранд, асбобҳои пухтупаз, бастачаҳои беҳдоштӣ ва ғизо хоҳанд гирифт. Кумаки Иттиҳоди Аврупо беш аз нисфи маблағеро, ки дар муроҷиатномаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Фонди ҳолатҳои фавқулодда ишора шудааст, мепӯшонад.  Чунин муроҷиатнома дар вақте пешниҳод мегардад, ки Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар барои вокуниш ба офати табиӣ ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад.
Созмонҳои шарики Комиссияи Аврупо, ки барномаи паст кардани хатари офатҳои табииро («ДИПЭКО») амалӣ месозанд, тавонистанд ба ин ҳолати фавқулодда зуд ҷавоб диҳанд. Масалан, ташкилоти «ФОКУС» — яке аз созмонҳои шарики Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи расонидани кумаки башардӯстона — дар ин минтақа доимо ҳузур дошта, кӯшиш мекунад, ки талошҳои дигар ташкилоту созмонҳоро дар вокуниш ба офатҳои табиӣ ҳамоҳанг намояд: ин созмон низ арзёбии ниёзҳои мардуми зарардидаро гузаронида, дархостҳоеро оид ба мазмуни кумаки фаврии башардӯстона ба таври мутамарказ омода мекунад. Созмони «Оксфам» — дигар шарики Комиссияи Аврупо — аз маблағҳои «ДИПЭКО» 48 ҳазор евроро ҷудо кардааст.. то қурбониёни зилзиларо бо кампалҳо, либосҳои зимистона, бастачаҳои беҳдоштӣ ва дигар ашёи ниёзи хонаводаҳо таъмин намояд.
Заминларза бо шиддати 7,2 хол тибқи ҷадвали Рихтер дар минтақаи Помири Тоҷикистон 7 декабри соли 2015 рӯй дода, боиси куштори ду нафар ва захмӣ шудани даҳ нафар гардид. Қариб 800 хонаи истиқоматӣ, 23 мактаб ва 6 бунгоҳи тиббӣ хароб ё пурра нобуд шуданд ва 4794 нафар бе паноҳгоҳ монданд. Аҳолии зарардида ҳоло мӯҳтоҷи хобгоҳҳои муваққатӣ аст, зеро шабонаҳо ҳарорати ҳаво метавонад то ба 15 дараҷа хунукӣ расад ва бориши барф дар ин минтақаи кӯҳистон зиёд аст. Инчунин роҳҳои мошингард ҳам дар маҳали заминҷунбӣ хароб шуда, рафту омадро дар бисёр ҷамоатҳои дурдаст имконнопазир гардонидаанд. Вобаста ба шароити боду ҳаво ба он ҷо метавон танҳо пиёда ва бо чархбол расид.

 

Декабрь 28, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд