Конфронс доир ба қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дар «Тоҷик Эйр»
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар Ҷамъияти саҳомии «Тоҷик Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» конфронс доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати миллӣ -Пешвои миллат» доир гардид.
Дар конфронси мазкур тамоми кормандони «Тоҷик-Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмиллалӣ» иштирок намуда, қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»- ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Хамчунин доир ба Пешвои миллат эътироф шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи намояндагони фурудгоҳ маърӯзаҳо пешкаши иштирокдорон гардонида шуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки хабари аз ҷониби Парлумони кишвар қабул гардидани Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»- ро кормандони Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Тоҷик- Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мисли дигар мардуми тоҷик бо шодиву хурсандӣ тарафдорӣ намуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






