Кўлоб: Роҳпаймоии «Созандагони Ватан»
Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро якдилона қабул намуд.
Ин пешниҳод аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон дастгирии ҳамаҷониба ёфт.
Бо назардошти ин, ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҷонибдорӣ аз қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» 17 декабри соли равон дар шаҳри Кўлоб бо иштироки ҳазорҳо ҷавонон роҳпаймоӣ доир намуд. Дар роҳпаймоӣ ҷавонон дар даст аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори «Шараф ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар шоҳроҳи марказии шаҳр қадам заданд.
Воқеан, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамчун қаноти ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамвора аз чунин иқдомҳои созанда дастгирӣ намуда, неруи ватансози ҷавононро ба ташаккули андешаи солим ва амалҳои ватандўстона равона месозад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






