Кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зарардидагони Бадахшон

Декабрь 21, 2015 07:15

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  бо мақсади расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолии аз заминларза осебдида ба вилояти Бадахшон як гурӯҳ табибонро фиристод. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи  рӯзи 7 декабр якчанд ноҳияҳои Вилояти Бадахшон зарар диданд.
Бино ба гуфтаи Салим Абдулазизов, сардори раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла ба аҳолии зарардида маводи дорувории аввалия фиристода шуд. «Рӯзи 14 декабр бо фармоиши вазир беш аз 100 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ барои зарардидагон равон гардид.   Аз ҷумла,  доруҳои қалб, атибиотикҳо, доруҳои  пешгирикунандаи хунравӣ, молҳои  бастубандӣ ва ғайра.  Дар вилояти Бадахшон аз рӯзи аввали ташкили ситоди  корӣ табибон таҳти роҳбарии Наврӯз Ҷаъфаров қарор доранд ва ба маҷрӯҳону беморон ёрии тиббӣ расонида истодаанд»,-илова намуд Салим Абдулазизов.
Тавре ки қаблан иттилоъ додем,  мардуми ноҳияҳои  осебдида тавассути чархболҳо аз деҳаҳои дурдаст ба маркази ноҳия оварда шуда, дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабии ноҳия ҷойгир  шудаанд.

 

Декабрь 21, 2015 07:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд