Кумитаи кор бо занон ва оила вобаста ба оила консепсия қабул мекунад
Душанбе, 12.12.2015. (АМИТ Ховар).- 11 декабри соли 2015 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила ҷаласа баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия гуфт, ки соли равон дар доираи Соли оила як зумра чорабиниҳо дар мавзўъҳои «Оилаи хушбахт», «Кадбонуи беҳтарин», «Модар чӣ гуна- духтар намуна» дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардиданд. Ҳамчунин ў ёдовар шуд, ки дар атрофи мавзўи оила якчанд санаду меъёрҳо қабул шудаанд, ки дар заминаи он Консепсияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад.
Инчунин дар ҷаласа Шамси Мунир, мудири шуъбаи ташкилии кумита дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он ҳарф зад. Ў тавсия дод, ки пеши роҳи никоҳи хешутаборӣ гарифта шавад ва ҷавонон пеш аз хонадор шудан бояд аз муоинаи тиббию ташхис гузаранд. Ў таъкид намуд, ки аз никоҳи хешутаборӣ тифлони маъюб ва носолим таваллуд мешаванд, ки имрўз шумораашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 000 (бисту шаш ҳазор) расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






