Лавров муътакид аст, ки танзими Сурия таваҷҷуҳи доимии Русия ва ИМА-ро талаб мекунад
Душанбе, 12.15.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар оғози мулоқот бо Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар шаҳри Маскав гуфт, ки танзими бӯҳрони Сурия таваҷҷуҳи доимии Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро талаб мекунад. «Дар ин самт саволҳое маҳфузанд, ки имрӯз бояд дар доираи гурӯҳи байналмилалӣ барои дастгирии Сурия баррасӣ шаванд», — иқтибос меорад «РИА «Новости» бо такя ба суханони вазири корҳои хориҷии Русия.
Лавров гуфт, ки президентҳои Русия ва Амрико тайи моҳҳои охир мушкилоти марбут ба зарурати бештари самаранокии мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд. «Худи танзими Сурия дар самти он вазифаҳо, он созишҳое, ки дар ҷараёни ду вохӯрии ин гурӯҳ дар Вена ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи доимиро талаб мекунад», — гуфт дар хотима С. Лавров.
Ҷон Керри дар навбати худ барои идомаи муколамаи Сурия дар Ню-Йорк изҳори умед кард. «Дар баробари ин, шумо шахсан ин мулоқотро ҳамраисӣ мекунед, ман барои кӯшишҳоятон ба шумо изҳори сипос мегӯям, умедворам, мо метавонем онҳоро дар Ню-Йорк идома диҳем» — гуфт дипломати амрикоӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






