М.Ҷабборӣ: Табиат боз моро имтиҳон намуда, барои азму талоши зиндагӣ ва масъулиятнокию корнамоӣ бедор сохт

Декабрь 15, 2015 09:26

 Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — “Чорабинии имрӯза дар марҳилаи ниҳоят ҷиддӣ, тақдирсанҷ ва ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ, ки ҳодисаҳои охирини фавқулоддаи заминларзаро дар як силсила минтақаҳои мамлакат инъикос мекунад, гузашта истодааст. Табиат боз моро имтиҳон намуда, барои азму талоши зиндагӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ, дилсӯзӣ ва масъулиятнокию корнамоӣ бедор сохт.  Соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, он  дар панҷ соли охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад”,-гуфт муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010-2020”. 
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз,  15 декабр дар Душанбе ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 тасдиқ гардидааст,  Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкур (САММИТ — 5) баргузор шуд. 
Дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии кишвар, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ,намояндагони дигар вазорату идораҳо, ҳамкорон оид ба рушд ва ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок намуданд. 
       “Бояд ёдовар шуд, ки соли 2015  бо иқдоми бевоситаи Президенти кишвар “Соли оила” эълон гардида, барои мустаҳкам намудани институти оила, муносибатҳои байни навҷавонони оиладор, рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии модарону кӯдакон, тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим, таъмини ҳуқуқҳои озодии инсон, адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ, ташаккули муносибатҳои байни шахсият, ҷомеа ва давлат такони ҷиддӣ дод. Маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ дар зарфи 10 соли охир 25 баробар афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногуни ин соҳа бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин мегарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳшавӣ овардааст”,-илова намуд Марҳабо Ҷабборӣ.

 

Декабрь 15, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд