М.Абдуллоев: Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оинаи рӯзгори мардуми Суғдзамин аст
«Матбуот — ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавзӯъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад».
Э.Раҳмон
Хуҷанд, 14. 12. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Соли равон яке аз куҳантарин нашрияҳои чопии ҷумҳурӣ – рӯзномаи рақами яки шимоли кишвар “Ҳақиқати Суғд” 85 сола шуд. Аз оғози таъсис то замони имрӯз нашрияи мазкур роҳи пуршарафро тай намуда, дар ҳар давру замон рисолати хеш- минбари розу ниёз, чароғи ҳидояту роҳнамо, ифодагари раъйи мардум ва илҳомбахши халқ ба корҳои созандагиву ободкорӣ будани худро ба ҷо овардааст. Маҳз дар даргоҳи муқаддаси идораи ин рӯзнома зумраи журналистони пурқудрат сабзида расиданд, ки минбаъд онҳо ба зуҳур ва ташаккули гурӯҳи азими адибон, сиёсатмадорон, зиёиёни ҷомеасоз мубаддал гардиданд. Аз ин лиҳоз, дар арафаи таҷлили ҷашни 85-солагии рӯзнома, ки тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 15 декабри соли равон дар толори Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд доир мегардад, хабарнигори АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд оид ба чанд паҳлӯҳои бурду бохт, нақшаву таърих ва эъҷодиёти аҳли қалами ин нашрия бо сардабири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, журналисти варзидаву соҳибтаҷриба Мухтор Абдуллоев ҳамсуҳбат гашт.
“Ховар”: — Мухтор Шокирович, сараввал иҷозат диҳед дар шахсияти Шумо аҳли эҷоди рӯзномаро бо ин ҷашни фархунда аз номи директор ва кормандони АМИТ “Ховар” таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи аҳли қалами нашрия хомаи созандаву тез ва қуллаҳои баланди эҷодиро таманно намоям. Баъдан, чун як рӯзноманигор, сарвари нашрияи бомақом мегуфтед, ки рисолати аслии матбуот, яъне рӯзноманигор, хосатан рӯзноманигори васоити чопиро дар замони муосир дар чӣ мебинед? Ҳол он ки вобаста ба намудҳои ВАО — воситаҳои телевизиониву электронӣ то андозае барои хонандагону шунавандагон дастрастару пешрафта ҳисобида мешаванд.
М. Абдуллоев: — Ташаккур. Пеш аз ҳама барои ибрози таманниёт сидқан минатдорам.
Дар замони муосир тараққиёти технологияҳои навин, албатта, шаклҳои гуногуни ВАО — чун телевизиониву электронӣ вобаста ба дастрасии босуръат назар ба чопӣ барҳақ то андозае бартарӣ доранд. Вале ин маънои онро надорад, ки ниёз ба иттилои чопӣ коҳидааст.
Матбуот ин неруи бисёр маънавибахши ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, то он даме ки инсоният вуҷуд дорад, албатта, ниёз ба сухани чопӣ ҳам боқӣ хоҳад монд, зеро сухан ин худ як василаи расонидани фикр, андеша, таҳлили ин ё он мавзӯъ ва ҳамзамон инъикоси рӯзгору пайкори муосирон аст.
Аз ин лиҳоз фикр дорам, ҳар фарде, ки ҳангоми дидану шунидани иттилоот аз тариқи расонаҳои хабарии ғайричопӣ баҳравар мегардаду ҳамзамон рағбат ба мутолиа-мутолиаи расонаи чопӣ дорад, ӯ бештар комилтар, бодоништар ва соҳибзавқтар мегардад ва беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки сухани чопӣ қимати бештари маърифати тарбиявӣ ва таърихӣ дорад. Вобаста ба ин, рисолати асосии расонаи чопӣ, алалхусус рӯзноманигорони расонаҳои даврии чопӣ- ин пеш аз ҳама, таҳлили амиқи вазъияти ҷомеа, роҳнамоӣ кардани мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, содиқона ва воқеъбинона инъикос намудани ҳодисаву воқеот, инчунин пешниҳоди мақолаҳои таҳлилӣ роҷеъ ба рӯзгори воқеии мардум ва ба ин васила омӯзиши панду ҳикмат, тарбияи маънавии мардум ва баланд бардоштани завқи бадеии хонанда, ҳамчунин ҳамқадами замон будану аз набзи имрӯзи диёр сари вақт ҳамагонро огоҳонидан ба ҳисоб меравад.
“Ховар”: — Дар ин замина чанд сухан оид ба таърих ва саҳми қаламкашон дар тӯли ин солҳо мегуфтед.
М.Абдуллоев: — Нашрияи мазкур моҳи марти соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд бо номи — «Роҳи колхозчӣ» таъсис ёфта, нахустмуҳаррири он шахси донишманду закӣ Муҳаммадxон Ҳасанов буд. Сипас рӯзнома бо номҳои «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ», аз соли 1948 чун – «Ҳақиқати Ленинобод» ва аз соли 2008 то ин ҷониб бо номи “Ҳақиқати Суғд” рӯи чоп омадааст. Баъдан соли 1980-ум баҳри фаъолияти пурсамар, рӯзнома ба муносибати 50-солагии таъсисаш бо ордени “Нишони Фахрӣ” мукофонида шудааст. Аз шумораҳои нахустинаш рӯзнома масъалаҳои муҳими марбут ба давру замон — бунёди ҷамъияти навин, коллективонии хоҷагии қишлоқ, рушди саноати кишвар, таъмини озодии занонро тарғибу ташвиқ намуда, то ба имрӯз рисолаташро гум накардааст.
Дар ин даргоҳи муқаддас бисёр шахсони барҷаста, чун қаҳрамонони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, шоири шаҳир Мирзо Турсунзода, устодони қалам Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукуҳӣ, академикон Шариф Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ, адибон Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Қурбон Баҳлулзода, Абдумалик Баҳорӣ, Додоҷон Раҷабӣ, Ҳасанбой Шарифов, Озод Аминзода ва дигарон фаъолият бурдаанд.
Дар ин муддат макони ин нашрия ба як мактаби омӯзишии рӯзномаю рӯзноманигорӣ табдил ёфта, дар ин ҷо чандин бузургони илму адаб, сиёсатмадорони тоҷик тарбия ёфтаанд.
Инчунин тӯли 85-соли фаъолияти рӯзнома, сармуҳаррирони он Муҳаммадҷон Ҳасанов, Тоҷӣ Усмон, Саид Носиров, Юлчӣ Бобоев, Раҳмат Саидов, Набиҷон Абдуллоев, Ғаффорхӯҷа Яҳёхоҷаев, Усмонxон Тоҷибоев, Ғуфрон Рустамов, Файзуллохӯҷа Атохӯҷаев, Мазбут Воҳидов, Маҳмудҷон Иброҳимов, Додоҷон Раҷабӣ, Саодат Каримова ва Каримбой Шарифов баҳри рангину хонданбоб гардидани ҳар як саҳифаи он ва сари вақт ба хонанда дастрас гардидани нашрия саҳми худро гузоштаанд.
“Ховар”: — Соли сипаришаванда барои кормандони рӯзнома чӣ нақше дошт?
М.Абдуллоев: — Соли рафтаистода барои кулли кормандони рӯзнома аз чанд ҷиҳат соли бобарор буд.
Аввалан кормандони рӯзнома аз Сарвари давлат минатдоранд, ки барои фаъолияти хубу самаранок бурдани рӯзноманигорони маркази вилоят чунин як бинои бо ҳама шароити муосир муҷаҳҳаз — бинои беназир “Кохи матбуот” бунёд карданд. Дар ин ҷо ҳамаи шароит муҳайё буда, кулли кормандон бо компютер таъминанд. Ягона проблемае, ки ноширони маркази вилоят доранд, ин надоштани як матбааи сифатноке, ки махсус барои чопи рӯзнома бошад. Он матбааи кӯҳнаи вилоятие, ки алъон фаъолият дорад, таҷҳизоташ фарсуда шудааст. Хушбахтона, соли равон низ ин масъала ҳам ҳалли худро ёфт, ҳоло шумораҳои рӯзнома бо формати А-1 дар ширкати чопии бо номи “Набӣ Фахрӣ” нашр шуда истодаанд ва умед дорем, ки шумораи чунин нашрияҳое, ки бо сифати баланд рӯзномаро рӯи чоп меоранд, боз дучанд мешавад.
Ҳамчунин минатдории худро ба муассиси худ- МИҲД-и вилояти Суғд, роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ барои дастгирии пайваста баён намуданӣ ҳастем. Баргузории ҷашни 85-солагии рӯзнома бо иқдоми раиси вилоят дар доираи эълони “Соли 2015 – соли фарҳанг” асоси гуфтаҳои болоист. Ғайр ин бояд гӯям, ки солҳои охир назару таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят, новобаста аз шаклу намуди ВАО зиёд гардида, тӯли ду соли охир баргузории озмуни “Хомаи созанда” низ мисоли равшани ин аст, ки ин иқдомро бевосита яке аз тадбирҳои неки ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ВАО номидан мумкин мебошад. Соли равон дар озмуни мазкур се корманди рӯзнома иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, ҳамчунин 6 нафар бо сипосномаи ИЖТ, 6 нафари дигар бо гирифтани унвонҳои “Аълочии фарҳанги ҶТ”, “Аълочии матбуоти ҶТ” ва 4 нафари дигар бо Сипосномаи раиси вилояти Суғд қадрдонӣ ёфтанд.
Ғайри ин, бахшида ба ин ҷашни хотирмон аз ҷониби аҳли қалами рӯзнома китобе бо номи “Бозтоби ҳақиқат” бо теъдоди беш аз 150 нусха дар шакли чопи офсетӣ дар матбааи ҶСК “Набӣ Фахрӣ” аз чоп баромад, ки дар он оид ба таърихи рӯзнома, маҳсули дастаҷамъии кормандони эҷодӣ, собиқадорони нашрия, аксҳо аз фаъолияти эҷодии кормандон ва ёде аз рӯзгори гузаштагон мавод гирд оварда шудаанд.
Зимнан, рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» соли дуввум аст, ки бо формати А-1 ба табъ расида, ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе бо теъдоди наздик ба 7000 нусха дарҷ гардида, нашрия дар шабакаи торнамо ҳамзамон дорои сомонаи худ низ мебошад.
“Ховар”: — Алъон масъалаи таъминот бо кадрҳо дар рӯзнома дар кадом самт қарор дорад?
М.Абдуллоев: — Имрӯз рӯзнома бештар ба кадрҳои ҳирфавӣ ниёз дорад, зеро аксари кормандон наздик ба синни нафақавӣ ҳастанд. Вале новобаста ба ин, онҳо дар баробари фаъолияти пурсамар доштан, низ мекӯшанд ба кормандони ҷавон ҳамаи нозукиҳои ин кори заҳматталабро омӯзонанд ва дар ин радиф дар самти донишандӯзии онон саҳми худро гузошта истодаанд. Ғайр аз ин соли равон дар нашрия ду ҷавони боистеъдод, хатмкардагони факултаи суханшиносии ДДХ ба кор қабул шуданд. То аввали солҳои 90-ум дар назди идораи рӯзнома як университети халқии мухбирони ҷамоатӣ амал мекард, ки дар он солҳо бисёр машҳур гашта, ҳатто онро чун мактаби журналистикаи вилоят низ меномиданд. Алъон, собиқадорони рӯзнома бо дастгирии бахши суғдии созмони журналистии Тоҷикистон ният доранд он ҷавононеро, ки ба ҳунари нигорандагиву эҷодкорӣ истеъдоду хоҳишу майл доранд, ҷалб намуда, ба ин васила мактаби устоду шогирдро аз нав эҳё кунанд. Алъон ҳайати собиқадорони эҷодии рӯзнома, чун Сайидамин Ҷило, Файзулло Атохӯҷаев, Муқим Абдураҳмонов, Рафоат Мӯъминова, Абдуғафур Аминов, Тавҳида Ҷӯраева ва дигарон минбаъд низ баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят, ҳамчунин барномаҳои давлатӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
“Ховар”: — Иқдоми намояндагони мардумиро барои ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» чун як фарди ҷомеаи кишвар чӣ гуна қабул кардед?
М.Абдуллоев: — Воқеан ҳам ин иқдоми вакилони халқ, ки пеш аз ҳама, аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик, дарку маърифати амиқи ҷомеа аз талошҳо ва хидматҳои Роҳбари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар сарчашма мегирад, воқеан шоистаи истиқбол ва қобили таваҷҷуҳ ба шумор меравад, зеро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурнигар, сулҳофарин, ваҳдатшиор, инсони хирадварз, шахсияти бедордил ва меҳанпараст, дўстори халқи хеш ҳанўз аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси роҳбари давлат нахустин иқдоме, ки аз сар гирифт, такя бар эътимод ва бовари мардум дошт, ки ин амр иродаи халқро барои боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон ва наздик омадани замони сулҳу оштии миллӣ бовар кардан тақвият бахшид.
Расидан то ба ин мақом ва ба ин ном мушарраф шудан- ин худ рисолати таърихӣ аст, хушбахтона, имрӯз мо дар як давраи осоиштагӣ, ободиву созандагӣ зиндагӣ дорем, ки меъмораш Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон худ як шахсияти нодири таърихӣ аст. Хизматҳои ӯ барои барқарории сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромӣ дар Тоҷикистони мустақил аз ёди ҳеҷ як сокини бедори кишвар нахоҳад рафт.
Ин роҳбари хирадманд дар замоне сари қудрат омад, ки Тоҷикистон дар миёни обу оташ монда буд ва миллат воқеан ба чунин як шахсият ниёз дошт. Бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ барои барқарории тинҷиву оромии мамлакат талош карда, миллати парокандаро сари дастархони оштӣ оварда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллати гирифтори ҷанг ваҳдату субот ва амнияту истиқлол овард. Ақидаи комил дорам, ки ҳамаи сокинони кишвар, чун мисли ман аз доштани чунин як пешвои шинохташудаи сатҳи ҷаҳонӣ воқеан ифтихор доранд.
“Ховар”: — Кадом санаи таърихӣ дар тӯли фаъолияти 85-солаи рӯзнома бештар ба аҳли кормандон хотирмон буд?
М.Абдуллоев: — Ба андешаи ман, яке аз воқеаҳои муҳимму хотирмон дар тӯли ин солҳо, ки ба нашрияи “Ҳақиқати Суғд” вобастагӣ дорад, ин бевосита мулоқоти аввалини раиси навтаъсиси Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов пас аз интихоби ӯ ба ин мансаб бо намояндагони ВАО бо кормандони эҷодии рӯзномаи мазкур, ки дар кумиҷроияи вилояти аввали моҳи декабри соли 1992 бо хоҳиши ӯ ба вуқӯъ омада буд, ба ҳисоб меравад.
Он рӯз байни журналистон ва раиси парлумон оид ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамбасти иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шӯрои Олию Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор барпо гардид.
Аз ҷумла, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ низ рӯзномаи мазкур бо ҳамон мавқеъ яъне ҳамраъйӣ бо мардум монд. Ҳамон давра ҳамаи маводи иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ асосан аз тариқи рӯзнома паҳн мешуд.
Э. Раҳмонов ба мавқеи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки ҳамаи маводи Иҷлосияи таърихии 16-ми Шӯрои Олии ҶТ асосан аз тариқи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” паҳн мешуданд, баҳои сазовор дода, журналистони рӯзномаро даъват намуд, то ки минбаъд низ тамоми қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро барои пойдор гардондани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд.
Дар мулоқот ҷонишини сармуҳаррир М.Воҳидов ва мудирони шуъбаҳои рӯзнома Ҳ.Шарифову Ғ.Нарзуллоев ва мухбир Ҳ.Туйчиев роҷеъ ба мушаххастар ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигр воситаҳои ахбори омма”, таъминоти моддию техникӣ ва молиявии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аз ҷониби ҳукумат ва дигар масоили муҳими рӯз фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд, ки аз ҷониби Раиси Парлумони ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов хуш пазируфта шуданд.
“Ховар”: — Вобаста ба ҷашн чӣ чорабиниҳо гузаронида шуданд?
М.Абдуллоев: — Пас аз ба тасвиб расидани қарори раиси вилоят доир ба таҷлили ҷашни 85-солагии рӯзнома ҳайати таҳририяи идораи рӯзнома нақшаи чорабинӣ тартиб дода, дар асоси он як зумра корҳоро ба анҷом расонд.
Аз ҷумла, дар ин давра дар бораи таърихи таъсис ва саҳми қаламкашон дар дарозои ин муҳлат мавод омода сохтем, ки он мунтазам дар саҳифаҳои рӯзнома нашр гардид. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо собиқадорон, кормандони куҳансол, инчунин мухбирони ҷамоатӣ аёдат гардиданд. Дар идораи рӯзнома, толори Кохи матбуот, донишгоҳҳо ва Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят мулоқот ва суҳбатҳо ороста шуданд. Ҳамчунин аз xониби кормандони рӯзнома кӯдакон ва наврасони Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд аёдат шуданд. Доир гардидани мусобиқаҳо оид ба шашка, шоҳмот ва дигар намуди варзишӣ ба манфиати кор буд. Аз оғози соли 2015 дар нашрияи мазкур очерк, мақола, муколама ва публитсистика бахшида ба солгарди рӯзнома нашр шуданд. Дар робита ба ин санаи муҳим дар байни эҷодкорон озмун бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҷониби телевизиони вилояти Суғд ва ширкати телевизиони махаллии «Танин» оид ба фаъолияти кормандони рӯзнома очерки телевизионӣ намоиш дода шуд.
“Ховар”: — Дар фарҷоми суҳбат дар ин рӯзҳои ҷашнии хотирмон барои доираи васеи хонандагони доимии рӯзнома чӣ гуфтанӣ доред?
М.Абдуллоев: Барои ҳамаи сокинони кишвар, аз ҷумла хонандагони доимии рӯзнома пеш аз ҳама сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагии илҳомбахшро орзу намуда, мехоҳам гӯям, ки ҳар фарди ҷомеаи кишварамон бояд талош кунад, то аз хазинаи бебаҳои миллат — фарҳанги миллӣ, маънавиёти миллӣ ва ҳикмати гузаштагон ва хосатан, аз рӯзгори ибратомӯзи раҳбари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гарданд ва чун Сарвари давлат борҳо таъкид карданд, то тавонанд баҳри пойдорӣ ва шукуфоии иморати истиклолият як хиште гузошта, кишварро ободтар созанд.
“Ховар” : — Ташаккур барои суҳбати самимӣ. Саломат бошед.
М.Абдуллоев: Ба шумо ва дар шахсияти шумо ба роҳбари кулл Устод Заробиддин Қосимӣ ва аҳли эҷодиву техникии АМИТ “Ховар, ки дар фароварди моҳи равон ҷашни 90-солагии худро таҷлил мекунанд, орзуҳои некро таманно дошта, сарбаландиву сиҳатмандиро хоҳонам.
Суҳбаторо Абдуаҳад Шарифзода, Суғд.