М.Алимардон: «Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии миллат аст»

Декабрь 24, 2015 06:08

Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  дафтари  ҶСО «Агроинвестбонк»  бахшида ба  қабули  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат»  маҷлиси ботантана  баргузор  гардид. Раиси  бонк  Муродалӣ  Алимардон зимни  суханрониаш   ба  масъалаҳои фаъолияту  хидматҳои  Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар  солҳои барои Тоҷикистон  душвору  мураккаб  муфассал   дахл  кард. Мавсуф   изҳор  дошт, ки  ҳамаи  дастоварду  муваффақиятҳои  имрӯзаи  кишвар самараи  меҳнату  ибтикороти Роҳбари он Эмомалӣ  Раҳмон  аст. М.Алимардон,  аз ҷумла  чунин  гуфт: «Солҳои раиси Бонки  миллӣ буданам шоҳиди бисёр  корҳои қаҳрамононаи Президенти  кишвар  шудам. Хуб дар ёд  дорам, ки  вай барои  расидан ба сулҳу ваҳдати  миллии  Тоҷикистон  дилпурона  ва  ба таври  хастанопазир мубориза  мебурд. Ӯ дар  он  рӯзҳое, ки  сарнавишти  минбаъдаи  кишвар  маълум  набуд,  ба халқ  гуфт, ки «Ман  ба  шумо   сулҳ  меорам»  ва дар  ҳақиқат ин  сулҳи  дилхоҳро  барои  кишвару  халқ  овард». 
М.Алимардон ҳамчунин  зикр  намуд, ки ҷавонони имрӯза бояд  сулҳеро, ки  бо  меҳнату кӯшишҳои  Президенти  кишвар  ба  даст  омадааст, қадр  кунанд ва  сипосгузор  бошанд.  « Мо  бояд фахр  кунем, ки  чунин Роҳбару  Пешвои   миллатро  дорем. Мо  бояд  дар  атрофи  ӯ муттаҳид  гардида,  баҳри  рушду  шукуфоии Тоҷикистони  азиз, ки  Ватани  мост,  меҳнат  кунем».
Маҷлиси  ҳайати  бонк дастгирии  худро  аз  қабули  ин  қонун иброз  дошта,  мақоми  таърихии  Президенти  кишвар Эмомалӣ  Раҳмонро  ҳамчун Пешвои  миллат  ва  асосгузори Тоҷикистони  имрӯза пазируфт.

Декабрь 24, 2015 06:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд