Маҳфили адабӣ бо иштироки курсантон
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо мақсади ташаккул додани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД вохӯрии шоирону нависандагон, олимону ҳунармандон ва аҳли фарҳанг бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳо ба роҳ монда шудааст. Чунин як вохӯрии маърифатӣ дар факултаи 4-уми Академияи ВКД баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ У.Б., муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Пирумшозода Н.Д., шоири халқии Тоҷикистон Ниёзӣ Н. ва сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Б.М. сухан гуфтанд.
Сардори факултаи 4-уми Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Носир Назарзода нақш ва баргузории чунин маҳфилҳои адабиву сиёсиро дар ташаккули маърифати ҳуқуқиву фарҳангии курсантон хеле назаррас арзёбӣ намуд.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Умедахони Бурҳон номаи табрикотии раиси шаҳри Хуҷандро ба муносибати Соли нав ба самъи ҳозирин расонида, гуфт, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар барои курсантону шунавадагони Академияи ВКД тамоми шароитҳои лозимиро фароҳам овардааст, то онҳо пас аз хатми таҳсил аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, махсусан таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ муваффақона бароянд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи «Пос доштани арзишҳои миллӣ, қавмӣ ва умумибашарӣ» сухан кард. Илова бар ин, пиромуни қонуни ҷадид ва ормонии мардуми тоҷик «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ҳарф зада, хидматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи хидмат на танҳо ба пешрафт, тараққиёт ва шукуфоии мардуми Тоҷикистон, балки ба сулҳу ваҳдати сартосарии ҷаҳон назаррас арзёбӣ намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз ашъори тозаэҷодаш, ки андешаҳои солим, қадри кишвари соҳибистиқлол, хидмати бошарафона ба мардум, муҳаббати Ватан ва худшиносиву худогоҳиро тараннум менамуд, қироат намуд.
Бояд илова намуд, ки дар маҳфил курсантон низ фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои ироагардида муҳокимаронӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ як гурӯҳ ҳунармандону ҳофизон бо таҳияи барномаи консертӣ хотири иштирокдорони чорабиниро шод гардониданд.
Муҳсин Юсупов
Корманди РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти милитсия








Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд






