«Маҷмааи Ориёно»: «Ифтихор ба миллати боҳашамати Тоҷикистон, ки шахси бошараф, пурғурур ва босипос Пешвои ӯст»

Декабрь 12, 2015 07:20

Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Асадулоҳ Ваҳоҷ — раиси «Маҷмааи Ориёно»  — кумитаи муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ дод, ки ба муносибати қабул шудани Қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» «Маҷмааи Ориёно»  муроҷиатнома қабул намуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст: «Маҷмааи Ориёно» ва гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон хабари интихоб шудани роҳбари маҳбуб ва гиромиқадри тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Пешвои миллат — қоиди миллӣ ба сурати қотеъ ва ҳамаҷониба пештибонӣ менамоянд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти пурбаҳои худро на танҳо ба халқи Тоҷикистон, балки ба аҳли ҷаҳон, пешрафт, тараққиёт ва шукуфоии Тоҷикистон вақф намудаанд. Бахусус дар давоми даврони роҳбариашон дар душвортарин шароит ба миллати мазлум ва ранҷидаи Афғонистон кумакҳои моддӣ ва маънавӣ намуда, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ садои миллати ранҷидаи афғон, ҳимояву пуштибонии ҳукумат ва давлати хешро ба иттилои ҷаҳониён расонидааст. Дар давоми зиёда аз 20 сол гурезагони афғон бинобар зулм ва истибдоди туфангсолорони гурӯҳҳои террористӣ, набудани амнияти хеш ва аҳли хонадонашон ба Тоҷикистон, ки ба ҳайси ватани дуюми хеш медонанд,  меоянд. Бо оғӯши кушода ва ҷабини бози ҳамсояи нек, ҳамнажод, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони хеш истиқбол мешаванд, ки ин худ нишон аз дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва ҳимояи ҳамаҷонибаи миллати қаҳрамони тоҷик, ҳукумат, давлат ва шахси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон — Сарвари Тоҷикистон ва роҳбари маҳбубу гиромии мо аст.
Миллати тоҷик дар давраҳои мухталифи таърих собит намудааст, ки ҳамеша поси садоқат, хидмат, вафодорӣ, муҳаббат ва покии ҳар шахс, ҳар миллату ҳар давлатро медонад, ба он арҷ мегузорад ва ҳаргиз фаромӯш намекунад. Қабул шудани Қонуни Пешвои миллат исботи гуфтаҳои мост.
Мо, гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон ин ифтихори миллиро ба миллати қаҳрамони Тоҷикистон, ҳукумат, давлат ва шахси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб табрик арз менамоем, барояшон сиҳату саломатӣ, умри дароз, хушбахтӣ ва комёбиҳои ду ҷаҳонро аз боргоҳи худованд орзумандем. 
Ифтихор ба миллати боҳашамати Тоҷикистон, ки шахси бошараф, пурғурур ва босипос Пешвои онҳост. 
Мустаҳкам бод дӯстӣ ва бародарӣ байни ду ҳамсояи нек, бародар ва ҳамнажод — Тоҷикистону Афғонистон».

 

 

 

Декабрь 12, 2015 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!