Маъракаи пешазинтихоботӣ барои мансаби Дабири кулли СММ оғоз ёфт

Декабрь 16, 2015 06:29

Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»).  Дар  СММ  маъракаи  пешазинтихоботӣ  барои  мансаби Дабири  кулл оғоз  ёфт. Дабири кулли  вақт  Пан  Ги  Мун  дар  охири  соли  2016  истеъфо  медиҳад. Вай  ин  мансабро  бо ду  мӯҳлати панҷсола  ишғол  карда буд. Мувофиқи  қоидаҳои  тағйири  минтақаҳо  акнун ҷойи  ӯро  метавонад  намояндаи  давлат  аз  Аврупои  Шарқӣ  ишғол  кунад.
Рӯйхати  муддаиён ба  мансаб одатан  фош  карда  намешавад. Онро  дар  Шӯрои  амният  паси  дарҳои  пӯшида мекушоянд, хабар  медиҳад шабакаи  телевизиони «Россия 24».  Талабот  аз  номзадҳо  чунин аст: онҳо  бояд қобилияти  баланди  ташкилотчигӣ, таҷрибаи  ғанӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ,  ҳамчунин  малакаи дипломатия  ва мухобира  бо  мардумро  дошта  бошанд. 
Пан  Ги  Мун,   шаҳрванди  Куриё, ҳаштумин Дабири  кулли  Созмони  Милали  Муттаҳид  аст.  Номбурда  1  январи  соли  2007  ин  мансабро  ишғол  намуда,  21  июни  соли  2011 ба  мӯҳлати дуюми  панҷсола  тасдиқ  гардида буд. 

 

Декабрь 16, 2015 06:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд