«Маърифати хонавода ва тарбияи фарзанд»-конфронс
Душанбе, 22.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Соли оила бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд дар гимназияи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Маърифати хонавода ва тарбияи фарзанд» баргузор гардид. Академик Маҳмадулло Лутфуллоев дар мавзӯи «Ҳикмати сутунҳои хонавода», академик Қодир Қодиров дар мавзӯи «Мулоҳизае чанд перомуни вожаҳои «оила» ва «хонавода», Султонмурод Тӯронов, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон дар мавзӯи «Хонавода ва тарбияи ватандорию ифтихори миллӣ» маърӯзаи илмӣ карданд. Ҳамчунин як гурӯҳ олимони варзида аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мавзӯи фарҳанги оиладорӣ сухан гуфтанд.
Дар фарҷом миёни олимон ва омӯзгорон дар мавзӯи оилаву оиладорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






