Маскав: Амрико наметавонад дар баробари ҳамлаи мушаки «Солавей»-и Русия муқовимат кунад

Декабрь 17, 2015 04:23

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Фармондеҳи неруҳои мушакии стратегии Русия мегӯяд, системаи мушакии ин кишвар метавонад сипари зиддимушакии Амрикоро безарар созад.
Сергей Каракаев рӯзи чоршанбе гуфт: «Арзёбии мутахассисони мо нишон медиҳад ки бо таваҷҷуҳ ба тавоноии таҳлилдода ва қудрати паррондан, сомонаи дифои зиддимушакии Амрико, ки имрӯз мустақар шуд, наметавонад дар баробари ҳамлаи густардаи мушаки «Солавей»-и неруҳои  стратегии Русия муқовимат кунад».
Вай бо баёни ин ки сомонаи дифои зиддимушакии Амрико наметавонад ҳамлаи мушакии Русияро дафъ кунад, зикр намуд, ки  сипари дифоии Амрико дар оянда пешрафтатар хоҳад  шуд.
Ин мақоми Русия ҳамчунин эълом кард, ки  неруҳои стратегии Русия 16 мавриди озмоиши мушакҳои дурпарвозро дар соли 2016 анҷом хоҳанд дод.
Сипас ў  афзуд, ки барномарезони  низомии Русия иқтидори  навзуҳури сомонаи дифои мушакии НАТО- ро низ дар назар гирифтаанд.
Каракаев  ин изҳоротро дар ҳоле баён кард, ки истиқрори сомонаҳои мушакии Амрико дар кишварҳои аврупоӣ, бахусус Аврупои шарқӣ эътирози мақомоти Русияро ба вуҷуд овардааст. Мақомоти Маскав борҳо дар бораи истиқрори сомонаҳои мушакӣ дар манотиқи шарқии Аврупо ҳушдор дода буданд.

Декабрь 17, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд